Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи фаъолияти бузургтарин корхонаи шимиёии Тоҷикистон


«Тоҷиказот» - бузургтарин корхонаи шимиёии Тоҷикистон муваққатан фаъолияти худро қатъ кардааст. Вазорати саноати Тоҷикистон сабаби аз кор бозмондани корхонаи «Тоҷиказот» -ро коҳиш ёфтани мизони интиқоли гози табиьӣ аз марказ ба ин корхона унвон кардааст.


Саидалӣ Валиев, сардори бахши шимӣ (химия)-и вазорати саноати Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт, тибқи нақша корхонаи мазкур бояд ҳамасола на кам аз 330 рӯз фаъол бошад. Аммо ба гуфтаи оқои Валиев, дар ибтидои сол корхона бинобар камбуди гози табиъӣ ду моҳи тамом таътил буд. Ва ин дар ҳолест, ки, ба гуфтаи вай, масъалаи таъмини корхонаи «Тоҷиказот» бо гози табиъӣ борҳо дар сатҳҳои мухталиф матраҳ шудааст.


Дар сурати фаъолияти муназзам, корхонаи «Тоҷиказот», ки қаблан чун корхонаи нуриҳои маъдании Вахш маъруф буд, имкон дорад, ҳамасола то 180 ҳазор тон маҳсулоти шимиёӣ тавлид намояд. Ва ин дар ҳолест, ки зарфияти тавлидии корхона тайи солҳои ахир аз 90 ҳазор тон бештар набудааст. «Тоҷиказот» бинобар дарёфт накардани ҳаҷми зарурии гози табиъӣ натавонистааст дар соли равон маҳсулоти худро ба хориҷ аз кишвар содир кунад. Ҳамчунин корхона ба далели надоштани замонати фаъолияти муназзам аз имзои қарордодҳои ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа худдорӣ кардааст.


Корхонаи "Тоҷиказот" дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон ҷойгир аст ва он дар гузашта соҳаи кишоварзии Тоҷикистонро бо маводди шимиёӣ таъмин месохт. Аз соли 2002 он дар қолаби корхонаи муштараки Тоҷикистон - Қибрис фаъол аст. 80 дарсади саҳмияҳои ин корхонаро феълан ширкати қибрисии "Ҳайрок ҳолдинг LTD" дар ихтиёр дорад.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG