Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қанди ҳалол"-ро медонед?


утоқи хабари Озодӣ Шумо ҳатман иборати "гӯшти ҳалол", яъне гӯшти зибҳшударо шунидаед, вале оё ҳаргиз иборати "қанди ҳалол" ба гӯшатон расидааст?

Як соҳибкори мусулмон дар Бритониё тавлид ва фурӯши шоколадҳои ҳалолро шурӯъ кард ва ҳоло шириниҳои ӯ дар Теско - яке аз бузургтарин мағозаҳои ғизо фурӯхта мешавад.

Холид Шариф фурӯши шоколади ҳалолро ду сол қабл шурӯъ кард. Ӯ мегӯяд, ки барои таҳияи шириниҳо аз шароб ва ҳама гуна чарбии ҳайвон сарфи назар мекунад.

Ширкати ӯ Уммо ном дорад ва шириниҳои худро ибтидоан дар фурӯшгоҳҳои китоби исломӣ ва дукконҳои хурди хӯрокворӣ шурӯъ намуд. Вале ба зудӣ харидори зиёд пайдо кард ва баъзе муштариён аз мағозаҳои бузурги хӯрок низ шоколадҳои ҳалол дархост карданд. Ҳамин буд, ки фурӯшгоҳи Теско дархости муштариёни мусулмони худро қабул кард.

Шариф мегӯяд, соҳибкорони бузурги Бритониё ҳоло дарк кардаанд, ки аз бозори муштариёни мусалмон метавонанд фоидаи бузург ба даст оваранд.

Никӣ Мартин - сухангӯи Теско дар посух ба пурсиши Озодӣ гуфт, ки ин фурӯшгоҳ бо таваҷҷуҳ ба дархости муштариён мол мефурӯшад:

"Шоколади ҳалол танҳо як навъи молҳои фаровонест, ки мо ба фурӯш баровардаем. Мо ҳамчунин ғизои африқоиву кароибӣ дорем, ғизои хосси мардуми Медитарона дорем, кошер, яъне ғизои яҳудӣ дорем ва чанде пеш ғизои лаҳистонӣ низ ба фурӯш гузоштем."

Соҳибкор Шариф, тавлидкунандаи шоколади ҳалол, изҳори хушнудӣ мекунад, ки тавассути ширкати бузурги Теско ҳоло ӯ метавонад бозори худро густариш диҳад.

Соли оянда Шариф мехоҳад навъи нави шоколади ҳалол - шоколади дорои бӯй ва таъми пудинаро муаррифӣ кунад.
XS
SM
MD
LG