Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми тафтиши парвандаи ҷиноии шаш узви Ҳизби Таҳрир


Додситонии вилояти Хатлон тафтиши се парвандаи ҷиноӣ алайҳи шаш узви созмони мамнӯъи Ҳизби Таҳрирро ба поён расонида, барои муҳокима ба додгоҳи Хатлон ирсол кардааст.


Мақомоти расмӣ мегӯянд, пайравони ин ташаккули мамнӯъ аксаран дар ноҳияи Шаҳритуси ҳаммарз бо Узбакистон боздошт шудаанд. Афроди боздоштшударо додситонии Хатлон ба даъват ба фаъолияти ифротгароёна ва созмон додани як иттиҳодияи тундрав муттаҳам кардааст.


Абдулаҳади Қурбониён, як масъули додситонии Хатлон ба Озодӣ гуфт, ҳангоми боздошти пайравони Ҳизби Таҳрир аз онҳо шумори зиёди баргаҳои таблиғотӣ ва адабиёти ин созмони мамнӯъ мусодира шудааст. Оқои Қурбониён афзуд, соли ҷорӣ ҳамчунин аз сӯи додситонии Хатлон як шаҳрванди Узбакистон ба иттиҳоми узвият дар Ҳизби Таҳрир, убури ғайриқонунии марз ва ҷосусӣ боздошт шудааст. Парвандаи ҷиноии ин шаҳрванди Узбакистон низ ба додгоҳ фиристода шудааст.


Дар соли гузашта ҳам як шаҳрванди Узбакистон ба иттиҳоми ҷурми узвият дар Ҳизби Таҳрир ва ҷосусӣ аз сӯи додситонӣ ва хадамоти амниятии Хатлон дастгир шуд. Бино бар маълумоти расмӣ, дар маҷмӯъ тайи ду соли ахир дар қаламрави вилоят 13 пайрави Ҳизби Таҳрир боздошт ва дар мавриди ҳафт тани онҳо додгоҳи Хатлон муҷозоти гуногун таъйин кардааст.
Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG