Пайвандҳои дастрасӣ

Кумисиюни Интихоботи Русия даври севвуми Путинро муҷоз намедонад


Кумисиюни Марказии Интихоботи Русия гуфтааст, ки Владимир Путин, раисиҷумҳурии Русия, иҷоза надорад барои даври севвуми раёсати ҷумҳурӣ ба рақобат бипардозад.


Бино ба Қонуни Асосии Русия, се даври паиҳами раёсати ҷумҳурӣ муҷоз нест. Як гурӯҳи минтақаӣ хостори баргузории як ҳамапурсӣ барои тағйири муқаррароти Қонуни Асосӣ шуда буданд, то оқои Путин имкони мондан дар сари қудратро пайдо кунад, аммо Кумисиюни Марказии Интихоботи Русия алайҳи ин фарохон ҳукм кард.


Ҳукми Кумисиюни Марказии Интихобот мушаххасан ба пешниҳоде аз як гурӯҳи мавсум ба "Созгорӣ ва Субот" ишора мекунад, ки хостори бақои Владимир путин бар сари қудрат шуда буд.


Оқои Путин борҳо гуфтааст, ки бино ба Қонуни Асосии Русия, барои даври севвуми раёсати ҷумҳурӣ ба рақобат нахоҳад пардохт.
XS
SM
MD
LG