Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти сотсиалистҳои Хатлон аз номзадии Раҳмонов


Раиси бахши хатлонии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон мегӯяд, ҳарчанд довталаби номзадӣ ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ аз ин ҳизб Абдулҳалим Ғаффоров аст, аммо ба назари вай, арзандатарин нафар ба ин мақом Эмомалӣ Раҳмонов ба шумор меравад.


Дилбар Солиева - сарвари сотсиалистҳои Хатлон дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ҳамчун раҳбари бахши Ҳизби сотсиалист дар Хатлон дар Анҷумани ин ҳизб дар Душанбе пешниҳод намуда буд, то ҳизб аз номзадии Эмомалӣ Раҳмонов ҷонибдорӣ намояд.


Анҷумани сотсиалистҳо ҳафтаи гузашта раиси ин ҳизб Абдулҳалим Ғаффоровро ҳамчун довталаби номзадӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пешниҳод кард. Дилбар Солиева мегӯяд, сарфи назар аз ақидааш, бахшҳои ҳизб дар ноҳияҳои вилояти Хатлон мувофиқи қарори анҷуман ба тарафдорӣ аз Абдулҳалим Ғаффоров имзо ҷамъ меоранд. Бино ба гуфтаи хонум Солиева, шумори аъзои Ҳизби Сотсиалист дар вилояти Хатлон беш аз 1600 нафар будааст.


Бону Солиева ҳамчунин гуфт, бо таваҷҷуҳ ба шумори ками аъзояшон ва ҳамчунин мушкилоти моддӣ мутмаин нест, ки ҷамъоварии 160 000 имзо барои довталаби Ҳизби Сотсиалист муяссар бошад. Хонум Солиева бо таъкид бар мушкилоти моддӣ афзуд, ки бахши вилоятии Ҳизб на дафтари корӣ ва на худрав (автомобил)-и хидматӣ дорад.
XS
SM
MD
LG