Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду кишвари дигар ба Иттиҳодияи Урупо хоҳанд пайваст


Кумисиюни Урупо рӯзи сешанбе (26 сентябр) ба Булғористон ва Румонӣ (Руминия) иҷозаи пайвастан ба Иттиҳодияи Урупо дар моҳи январи ояндаро дод.


Дар гузориши ниҳоие, ки дар шаҳри Страсбурги Фаронса ба порлумони Урупо ироа шуд, Кумисиюни Урупо мегӯяд, ки ҳар ду кишвари каронаи Болкон барои узвият дар Иттиҳодияи Урупо ба пешрафтҳои кофӣ даст ёфтаанд.


Аммо ба гуфтаи ин кумисиюн, бахши қобили мулоҳизаи кумакҳои иқтисодии мунтазира бояд ба шарти анҷоми ислоҳоти бештар дар заминаи додгустарӣ, умури дохила, эминии ғизоӣ ва ёрона (субсид)-ҳои давлатӣ ба ин кишварҳо ихтисос ёбад.
XS
SM
MD
LG