Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии бастагони хабарнигори дарбанди узбак


Хешовандони Улуғбек Ҳайдаров, як хабарнигори дарбанди узбак, мегӯянд, ки нигарони саломати ӯ ҳастанд. Нортоҷӣ Ҳайдарова, хоҳари Улуғбек Ҳайдаров, ба бахши узбакии Озодӣ гуфт, ки аъзои хонавода ба ҳангоми аёдати бародараш мутаваҷҷеҳи ҳолати ғайриъодии нутқ ва рафтори вай шудаанд. Бону Ҳайдарова гуфт, ки Мунира - ҳамсари Улуғбек Ҳайдаров охирин нафарет, ки хабарнигори зиндониро дидааст:


"Мунира Мустафоевна танҳо нафаре буд, ки ӯро рӯзи шанбе, 23 сентябр, дид. Онҳо ба зӯр ба ӯ панҷ дақиқа фурсати дидор доданд ва саросемааш мекарданд. Вай ба мо гуфт, ки Улуғбекро дар ҳолати баде дидааст. Вай мегӯяд, ки ҳолати равонии Улуғбек маъмулӣ набуд ва чашмонаш тамаркуз надоштанд. Лабаш каҷ шуда буд. Ба шиддат лоғар шудааст. Зоҳиран худаш намедонист, ки чӣ мегӯяд ва пайваста такрор мекард: "Ман чизе намедонам, ман чизе намедонам" ва "Ҳама чиз хуб аст, ҳама чиз хуб аст."


Оқои Ҳайдаров рӯзи 14 сентябр дар шаҳри Ҷиззах, воқеъ дар маркази Узбакистон, ба иттиҳоми даст доштан дар фасоди молӣ боздошт шуд. Бастагони Улуғбек Ҳайдаров мегӯянд, ки маъмурони амниятии Узбакистон ӯро ба дом андохтаанд ва иттиҳомотро пас аз боздошташ матраҳ кардаанд.


Ҷамшед Каримов, яке аз дӯстон ва ҳампешагони Улуғбек Ҳайдаров, рӯзи 12 сентябр дар шаҳри Ҷиззах беномунишон шуд. Аъзои хонаводаи ӯ низ бар ин боваранд, ки ӯро дастгир карда буданд. Ҷамшед Каримов бародарзодаи Ислом Каримов, раисиҷумҳурии Узбакистон аст. Вай тайи солиёни дароз як рӯзноманигори мустақил буда ва сароҳатан аз Ислом Каримов интиқод кардааст.
XS
SM
MD
LG