Пайвандҳои дастрасӣ

Сулҳи тоҷикон: Дастоварди кист он? Пойдор боқӣ хоҳад монд?


Баҳси изҳороти Попи Рум дар Душанбе

Изҳороти ахири Попи Рум, Бенедикти 16 метавонад ба раванди сулҳофариниш дар ҷаҳон халал ворид кунад. Тақрибан зери ҳамин шиор дар Душанбе аз Рӯзи ҷаҳонии cулҳ истиқбол карданд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон:

«Худи ҳамин изҳороти Попи Рум собит кард, ки як изҳорот, як сухан қодир аст, дар ҷаҳони муосир тағйирот ворид кунад ва ин тавозуни сиёсиро дар ҷаҳон барҳам бизанад.»

Владимир Сотиров, раиси ҳайъати СММ барои ҳимоят аз сулҳ дар Тоҷикистон гуфт, аз ширкатдорони мизи гирд ин гуна вокунишро интизор надошт, аммо аз ин баҳсҳо истиқбол мекунад:

«Суҳбат сари изҳороти Бенедикти 16 рафт, ки мавзӯъи рӯз аст ва ба ман мубоҳиса писанд омад, ки онро на танҳо аз назари мазҳабӣ арзёбӣ карданд. Ин суҳбат муҳим буд. Аммо муҳимтар аз ҳама, ин гуна изҳорот барои аз миён бардоштани сӯъитафоҳум миёни тамаддунҳо таъсири мусбат надорад»


Ба Тоҷикистон сулҳро кӣ овард?

Ва аммо бештар аз ҳама дар ин нишаст рӯи сулҳи тоҷикон андешаронӣ карданд, ки ба гуфтаи Муҳиддин Кабирӣ, ин сулҳ аз таърихи нахустин гузаштҳои пайғамбари ислом Муҳаммад маншаъ гирифтааст.

Оқои Кабирӣ афзуд, дар мавриде, ки теъдоди размандагони оппозисиюни тоҷик аз 7.000 нафар беш буд ва ҲНИТ дар нуқтаи қувват қарор дошт, Саид Абдуллоҳи Нурӣ - пешвои ин ҳизб бо ҳукумат сулҳ баст ва гузаштҳо кард:

«Устод Нурӣ замоне ба сулҳ имзо кард, дар кадом ҳолат буд: Нирӯҳои оппозисиюн омада буданд, дар километри 7 - уми Душанбе, онҳо шурӯъ карда аз марзи Афғонистон мавзеъро озод карданд, ё ба истилоҳ ғасб карданд, ва ё ҳар чизе ки хонед, аммо онҳо то Душанбе омаданд, ва 7.000 размандаи мусаллаҳ доштанд, ки бо пештарин силоҳ мусаллаҳ буданд ва водор карданд, ки ҷониби дигар сулҳро бипазирад. Бо устод бисёриҳо розӣ набуданд, аммо ӯ барои 30 дарсади ҳукумат розӣ шуд ва дар маҷмӯъ, дар ҳукумат оппозисиюн ҳамагӣ 54 нафарро ҷой кард. Бисёриҳо амбитсияҳои шахсӣ доштанд, норизоӣ баён мекарданд, аммо устод Нурӣ сулҳ кард.»

Ва аммо Саид Аҳмадов - мушовири раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, ҳукумат низ дар ин маврид аз гузаштҳо кор гирифтааст:

«Ҳукумат он замон қудрате барои саркӯбии ҳар қудрати дигар дошт. Аммо сухан сари ин меравад, ки ҳукумати Тоҷикистон ва президент Раҳмонов шурӯъ аз сессияи 16 дар талоши сулҳ буд. Аз ин нуқтаи назар дар ин ҷо заъфи ҳукуматро дидан лозим нест, балки кӯшиши ҳукуматро бинед, ки барои сулҳ гузаштҳои на камтар карда буд.»

Ин дар мавридест, ки ба гуфтаи Владимир Сотиров, ҳар ду ҷониб дар сулҳ саҳми назаррас доштаанд:

«Ин ҷо перомуни ҷанги шаҳрвандии тоҷикон баҳс шуд, ки Кӣ ғалаба карду Кӣ не! Ман фикр мекунам, ки дар ин набард дониши милати тоҷик, дарки масъулияти аз дастравии миллат, ҳуввияти миллӣ, ваҳдати миллӣ ва сулҳпарастии ирсии тоҷикон пирӯз омад.»


Ҷанг ва сулҳ ва .....ва ислом.

Дар нишаст бештар перомуни ислом ва таъсири он ба раванди сулҳ сухан гуфтанд. Чаро? Оё Ислом ба сулҳ ва ё ҷанг дахле дорад?

Мунира Шаҳидӣ, садри Бунёди байнулмилалии фарҳангии Зиёдулло Шаҳидӣ ва масъули мизи гирд мегӯяд:

«Ягона иртиботе миёни Ислом ва ҷангу сулҳ нест! Аммо дар Аврупо, мутассифона айбгузорӣ ба Ислом аз кӯчаву сӯҳбатҳои авом ба долонҳои сиёсат ва ашхоси маъруф мегузарад. Мо дар ин гуфтушунид кӯшиш кардем, ки собит кунем, ки чунин нест.»

Муҳиддин Кабирӣ меафзояд, ки пас аз 11 сентябри соли 2001 афкори ҷомеъаи ҷаҳонӣ куллан тағйир ёфт, ки масъулияти сулҳ дар ҷаҳон бар дӯши мусалмонон афтодааст:

«Аҷиб аст, аммо баъд аз 9 сентябри соли 2001 масъулияти интеллектуалии Ислом боло рафт. Дигар пешвоёни Ислом дар бораи сулҳу ваҳдат дар ҷаҳон мегӯянд, аммо доираи андешаи сиёсатмадорони ғарбӣ ва пешвоёни мазҳабӣ дар Ғарб маҳдуд гардид ва бо исломи қаблӣ ҷой иваз кард. Ин падидаи аҷибест, ки онро бояд умқан омӯхт, ки чаро чунин шуд. Имрӯз замоне, ки дар Ғарб перомуни ҷанг талош дорад, масъулияти сулҳ бар дӯши мусалмонон афтодааст»

Дар мизи гирд пешниҳод шуд, таҷрубаи сулҳи тоҷикон, ки каммасрафтарин ва нодиртарин низ будааст, барои рафъи низоъҳо дар дигар кишварҳои даргир ҳам роҳандозӣ шавад.


Сулҳ ва амният дар Тоҷикистон зери хатар?

Ва дар мавриде, ки ҷонибҳо сари дастовардҳои сулҳи комили тоҷикон ҳарф мезаданд, Абдувоҳид Шамолов, корманди маркази пажӯҳиши стротежии дастгоҳи президенти Тоҷикистон гуфт, ба ин сулҳ ва амнияти давлати тоҷикон хатари бузурге дар симои фасод (коррупсия) таҳдид дорад:

«Сулҳро бастан осон аст. Нигаҳдории он осон нест! Имрӯз хатаре, ки сари амнияти давлатӣ ва сулҳ таҳдид дорад, фасод, ришва ва коррупсия аст. Фасод ба инқирози давлат меорад.»

Дар мизи гирд, ки бо ташаббуси СММ ва Бунёди байнулмилалии фарҳангии Зиёдулло Шаҳидӣ баргузор гардид, вакилони мардумӣ дар Маҷлиси намояндагон, раҳбарони аҳзоби сиёсӣ, кормандони дастгоҳи президент, сиёсатмадорон, рӯҳониён, уламои фиқҳ, фалсафа ва созмонҳои ғайридавлатӣ иштирок доштанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG