Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду ҳизби мухолиф телевизионро ба нақзи қонун муттаҳам карданд


Ҳизби Демократ ва Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон бо пахши як баёния Кумитаи телевизион ва радиои ин кишварро ба нақзи қонуни интихобот муттаҳам карданд.


Дар баёнияи муштараки ин ду ҳизб гуфта мешавад, масъулони Кумитаи радио ва телевизиони ин кишвар ба хотири мавзеъи сиёсии онҳо дар баробари интихоботи раёсати ҷумҳурии кишвар аз нашру пахши ҷараёни ҳамоишҳои ахири ин аҳзоб худдорӣ кардаанд.


Раҳматулло Зойиров - раиси ҲСДТ бо изҳори таассуф аз пахш нашудани ахбор тавассути телевизиони саросарӣ дар бораи ҳамоишҳои аҳзоби мазкур гуфт, Кумитаи ТВ ва радиои Тоҷикистон бо нақзи қонуни интихоботӣ ва адами риояти муқаррароти Кумиссиюни Марказии Интихобот исбот кард, ки ҷараёноти интихоботӣ тавассути шабакаҳои саросарӣ холисона бозтоб намеёбад.


Ва аммо Абдураҳмон Абдуманнонов - муовини раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон таъйид кард, ки аз муҳтавои баёнияи мунташираи демократҳо ва сотсиал-демократҳо хабар дорад. Ӯ гуфт, тасмим бар ин шудааст, ки аз ҳамоиши аҳзобе хабар пахш шавад, ки номзад ба мақоми президентиро пешниҳод карда бошанд. Аммо дар хусуси он ки аз ҳамоиши Ҳизби Наҳзати Исломӣ хабар пахш шуда, ҳарчанд ки ин ҳизб низ номзад пешбарӣ накардааст, оқои Абдуманнонов чунин посух дод:


«Ҳизби Наҳзати Исломиро пешниҳод кардем, барои он ки онҳо даъват карда буданд, бачаҳо рафтанд, ба навор гирифтанд. Ман, рости гап, хабар надорам, ман дар кор набудам чанд вақт, ман намедонам ҳоло ки чаро ин принсип ин хел дигар шуд.»


Аммо масъулони ин ду ҳизби мухолифи давлати Тоҷикистон бо интиқод аз амалкарди Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон таъкид карданд, ки фаъолияти онҳо дар кишвар ба таври расмӣ сурат мегирад ва пахш накардани хабар ва навор аз ҳамоишҳои интихоботии ин аҳзоб идомаи қонуннописандии мақомоти кишвар аст.
Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG