Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

М. Кабирӣ: "Чаро мо номзад надорем?"


Кабирӣ: Ман ҳаргиз чунин тасмиме надоштам, ки номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ бошам. Барои ҳамин, ин масъала ҳаргиз дар ҳизб матраҳ набуд ва ҳанӯз ҳам матраҳ нест.

Озодӣ: Вале ҳатто агар шумо нахостед, чаро Ҳизби Наҳзати Исломӣ ҳич номзади дигареро ба ин мақом пешбарӣ накард?

МК: Чанд омиле буд, ки моро водор кард, ки аз пешбарии номзади худ ба ин интихобот худдорӣ кунем. Мо ишора ба се нуктаи аслӣ кардем. Яке аз онҳо агар номукаммалии қонуни Тоҷикистон дар бораи интихобот бошад ва фазои номусоъиди сиёсӣ дар кишвар, яке дигар аз омилҳои муҳим вазъи байнулмилалӣ ҳаст, ки мутаассифона, дар зери пӯшиши мубориза алайҳи тероризм ва ифротгароӣ бисёриҳо мекӯшанд, ки бо истифода аз ин фурсат рақибони худро, ба хусус нирӯҳои сиёсии исломиро хеле ҳам маҳдуд кунанд. Шароит дар ҳоли ҳозир барои номзаде аз сӯи нирӯҳои сиёсии исломӣ дар кишварҳое чун Тоҷикистон хеле ҳам номусоъид аст. Аз ин лиҳоз Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳам барои пешбарии номзад дар чунин фазо худдорӣ кард. Ва омили севвум ҷанбаи дохилӣ дорад. Мо аз интихоботи порлумонӣ медонем, ки бисёре аз рақибони мо, вақте ки мехоҳанд зарурати худро барои интихоб шудан ҳадди ақал барои порлумон нишон диҳанд, онҳо ишора ба ин мекунанд, ки номзадҳои Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон касоне ҳастанд, ки ҷомеъаро доранд ба қафо мебаранд ва гӯё мушкилоти Тоҷикистон аз ҲНИТ сарчашма мегирад. Ба хусус онҳо таъкид мекунанд, ки арзишҳои демукротик ва дунявӣ дар сурати ғалабаи Ҳизби Наҳзат зери суол қарор мегирад ва хатаре барои онҳо ҳаст.

Озодӣ: Оё яке аз омилҳо ин набуд, ки Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бим дошт дар баробари Эмомалӣ Раҳмонов, номзади ҳизби ҳоким, шикаст бихурад ва аз пеш ақибнишинӣ карду шикасташро қабул кард?

Кабирӣ: На, ҳич гоҳ ин хел нест. Агарчи оқои Раҳмонов як номзади хеле қавӣ аст, вале ин ҷо масъала сари шикаст додани оқои Раҳмонов нест. Бештар масъала сари матраҳ кардани номзади худ аст ва мо мутмаиннем, ки Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аз ҷумлае он ҳизбҳоест, ки метавонист ҳадди ақал номзади худро сабти ном кунад. Чун барои аҳзоби сиёсии Тоҷикистон сабти ном кардан ҳам як мушкили умда аст ва тавоноӣ мехоҳад. ҲНИТ ин имконро дошт. Вале мо бо назардошти дигар авомил аз пешбарии номзад худдорӣ кардем. Ин интихобот фурсате ҳаст барои дигарон, то аҳзоби ғайриисломӣ, ки... боқии аҳзоби Тоҷикистон ҳама ғайриисломианд, демукротиканд ё дунявӣ. Мо бибинем, ки худи аҳзоби демукротики дунявӣ то кадом дараҷа ба арзишҳои демукротик ва дунявӣ эҳтиром қоил ҳастанд ва бидуни ширкати мо бо ин демукросӣ чӣ доранд мекунанд.

Озодӣ: Вале канор рафтани шумо аз корзори интихоботӣ оё зарбае ба демукросӣ нахоҳад буд? Зеро чунин ба назар мерасад, ки арсаи интихобот ё майдон холӣ монда ва як нафаре, ки мушаххас ҳаст кӣ ҳаст, ҳич рақиби қобили мулоҳиза дар баробари худаш надорад ва мардум ҳам чорае надоранд ба ҷуз ин ки ӯро интихоб кунанд...

Кабирӣ: На, бибинед, мо фикр мекунем ин зарбае ба демукросӣ нахоҳад буд, балки кумаке барои рӯшан кардани мафҳумҳое ба монанди демукросӣ хоҳад буд. Мо мехоҳем демукросиро ба дасти соҳибонаш бидиҳем, чун онҳо бештар иддаъои демукросиро мекунанд, бештар аз мо. Номи аҳзобашон ҳам демукротик ҳасту худашон ҳам аҳзоби дунявӣ ҳастанд. Мо шонсро ба онҳо медиҳем, ки бибинем онҳо бо ин демукросӣ чи кор мехоҳанд бикунанд. Оё аз уҳдаи идора ва ҳифзи демукросӣ бар меоянд ё на? Чун баъзан онҳо мегӯянд, мо ба хотири исломиҳо шуда, ба хотири он ки (кишварамон) Афғонистон нашавад ва исломиҳо қавӣ нашаванд, мо баъзан аз арзишҳои демукротик ақибнишинӣ мекунему онҳоро нодида мегирем...

Озодӣ: Вале, оқои Кабирӣ, баъзеҳо ин назарро ҳам матраҳ мекунанд, ки агар Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар ин интихобот ширкат мекард, эҳтимолан баранда намешуд, вале метавонист хостаҳо ва ҳадафҳои худашро бештар дар миёни мардум ва тӯдаҳо таблиғ кунад, то дар интихоботи баъдӣ шояд ҷойгоҳи рафеътар ва баландтаре дошта бошад. Шумо ин назарро надоред?

Кабирӣ: Бале, интихобот як фурсати бисёр хуб барои ҳамаи ҳизбҳост, то худро матраҳ кунанд, худро ба ҷомеъа бишиносонанд. Вале ин танҳо имкон нест ё фурсати ниҳоӣ нест. Як ҳизби сиёсӣ фурсатҳои зиёде дорад, ки дар сурати истифода накардан аз ин интихобот метавонад аз онҳо истифода кунад. Ва ҳизби мо ҳам дигар ниёз ба матраҳ кардани худ дар ҷомеъаи Тоҷикистон надорад. Шояд дигар аҳзоб ба ин фурсат бештар ниёз доранд. Мо худро матраҳ кардаем. Дар ин марҳила мо ниёз ба субот дорем дар Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва ба додани шонс ба аҳзоби дигар. Муҳимтар аз ҳама, мо бибинем, ки бидуни ширкати аҳзоби динӣ дигар нирӯҳои сиёсии кишвар то ба куҷо мерасанд. Чун онҳо баъзан нуқсонҳои худро дар масоили демукросӣ дар он мебинанд, ки дар муқобилашон ҳизбе бо номи Ҳизби Наҳзати Исломӣ ҳаст.

Озодӣ: Пас шумо дар ин интихобот аз ҳич каси бахусусе ҳимоят нахоҳед кард. Куллан нақши шумо чӣ хоҳад буд? Шумо интихоботро таҳрим мекунед ё чи кор мекунед?

Кабирӣ: На, ҳич гоҳ. Мо ҳаргиз аз калимаи "таҳрим" истифода накардем, балки мо дар интихобот ширкат хоҳем кард, вале бидуни номзади худ. Мо дар кумисиюнҳои ҳавзаӣ ва дар минтақаҳо намояндагони худро хоҳем дошт барои назорат бар интихобот. Вале мо афроди худро, аъзо ва ҷонибдорони ҳизбро озод гузоштем, ки аз ҳар номзаде, ки мехоҳанд, ҷонибдорӣ кунанд ё аслан ба касе раъй надиҳанд. Ин ба раъйи худи аъзои ҳизб вобаста аст ва мо дар ин бора ҳич тасмиме нагирифтем...

Озодӣ: Агар иҷоза ҳаст, як пурсиши густохона мекунам, ки масалан, худи шумо дар интихобот аз номзади бахусусе ҳимоят хоҳед кард ё на?

Кабирӣ: Бибинед, ман дар ҳамон шабу рӯзҳои интихобот як сафари хориҷӣ дар назар дорам ва агар дар хориҷи кишвар имкони раъй додан ба ин ё он номзадро дошта бошам, раъй медиҳам, вагарна хеле мутаассифам, ки дар чунин шароит наметавонам дар интихобот ширкат кунам. Чун агар он сафарам анҷом шавад, шояд дар рӯзҳои интихобот дар кишвар набошам.

Озодӣ: Ва агар раъй додед, маълум ҳаст барои кӣ раъй хоҳед дод?

Кабирӣ: Ман метарсам, ки раъйи додаи ман як гуна таҳмил бар аъзои ҳизб талаққӣ хоҳад шуд. Чун мо онҳоро озод мегузорем. Ман ҳатман раъйи худро пас аз интихобот эълом хоҳам кард.
XS
SM
MD
LG