Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Попи Рум: Узр, шарҳ ё муколама?


Попи Рум Бенедикти XVI рӯзи душанбеи 25-уми сентябр дар осоишгоҳи тобистонаи худ дар Вотикон бо сафиру намояндагони 22 кишвари мусулмон мулоқот кард. Вай гуфт, баргузории ин дидор дар оғози моҳи Рамазон як нишонаи рамзист, ки ӯ онро дарк ва эътироф мекунад ва бо ин низ ба ислом эҳтиром мегузорад.
Барои рафъи бӯҳроне ки ахиран байни католикҳо ва мусулмонон ба миён омадааст, поп Бенедикт муколамаи байни динҳоро як зарурати ҳаётан муҳим номид.

Аммо хабаргузориҳо мегӯянд, ин мулоқот аз муколама дида бештар ба ҳузурпазироии попи Рум монанд буд. Сафирон дар як толори хурде дар баробари ӯ нишастанд, суханони ӯро, ки 5 дақиқа давом карданд, шуниданд ва баъд аз ташаккурҳои тарафайн толорро тарк карданд.

Тақрибан ҳамаи сафирон ҳангоми хуруҷ ба журналистон чизе нагуфтанд. Сафирони Миср ва Туркия гуфтанд, мулоқотро шарҳ намедиҳанд. Бархе аз таҳлилгарон, монанди Тариқ Рамазон аз Донишгоҳи Оксфорд гуфтаанд, мулоқот асосан моҳияти сиёсӣ дошт, то равобити миёни католикҳо ва мусулмонон "тармим" шаванд.
Бенедикт дар суханронияш ба масъалаҳои дин ва хушунат дахл кард ва гуфт, масеҳиён ва мусулмонон бояд ҳамкориро омӯзанд то аз ҳама навъи бетаҳаммулӣ пешгирӣ кунанд ва ба ҳама гуна ибрози зӯроварӣ мухолифат намоянд.

Бӯҳрони ахири миёни мусулмонон ва Вотикон аз як суханронии поп дар Донишгоҳи Олмон дар 12-уми сентябр сар зад. Бенедикти XVI суханони императори асри чордаҳи Византияро нақли қавл кард, ки дар онҳо ислом дини хушунатомез шиносоӣ мешуд. Ин суханон хашми мусулмононро дар саросари ҷаҳон ба бор оварданд ва аз поп талаб шуд, маъзарат хоҳад. Попи Рум баъдан ба такрор изҳор дошт, ки мутаассиф аст ва иқтибос ба он маънӣ набуд, ки ӯ низ ба ин ақида бошад.

Дар мулоқоти ахир поп, аммо зикр кард, ки бояд баробарӣ вуҷуд дошта бошад ва онгуна ки мусулмонон дар кишварҳои насронӣ озодии мазҳаб доранд, насрониҳо дар кишварҳои мусулмон низ соҳиб бошанд.

Дар ҳоле ки бархе аз коршиносон ин мулоқотро нокофӣ номиданд, Муҳаммаднури Дачан, раиси Иттиҳоди ҷомеаҳои мусулмони Итолиё аз он ситоиш кард ва гуфт, "муколама шурӯъ шуда ва ҷараён дорад."
XS
SM
MD
LG