Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Наҳзати Исломӣ аз корзор канор рафт


Бо салом хидмати ҳамагӣ. Банда дар тааҷҷубам, ки ҳизбе бо ин қудратмандӣ, ки ҳарфи дуввумро дар ҷомеъаи мо мегуфт, омада аз интихобот даст мекашад. Он ҳам ба баҳонаҳое, ки барои мо хандадор аст. Ҷаноби Кабирӣ, агар сиёсатмадорӣ, баҳона пеш наёр ва фаъолият кун. Мо дар Тоҷикистон аз ин рӯзхои бадтар доштем, аммо сиёсатмадорони хуби мо ҳамеша шинохта буданд. Бо сароҳат ба Кабирӣ мегӯям, ки агар Шумо сиёсатмадори хубе бошед, ин мардум намегузоранд ба пои Шумо хоре халад... Ин баҳонаи хандаоварро канор бигзоред, чун дар ҳама давру замон ва дар ҳама кишварҳои дунё хизби ҳоким аз қудрати боло бархурдор аст ва танҳо сиёсатмадорони хуб ин вазъро ба танзим меоранд...
Низом Асомуддинов
__________________________

Бо салом ба ҳамаи Шумо, азизон. Банда тааҷҷуб мекунам, ки бародарон бо канор рафтани Ҳизби Наҳзат аз интихобот мувофиқанд ва боз кафкӯбӣ ҳам мекунанд. Бибинед, вақте ки як ҳизби аз ин ҳама қудрат бархурдор бо камоли таассуф меояд ва аз рақобат даст мекашад, боиси мусибати мост. Ин ҷаноби Кабирӣ, ки Шумо ин ҳама аҳсан барош хондед, агар сиёсатмадор мебуд, барош фарқ намекард, ки дар ҷомеъаи имрӯзи мо кӣ ва чӣ ҳизбе ҳоким аст ва фаъолияташро идома медод. Ҳадди ақал бояд ба мардум мефаҳмонд, ки чӣ мехоҳад бикунад...
Акмал
__________________________

Салом. Мавзеъгирии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ин як мавзеъгирии боақлона ва бохирадонае мебошад. Ба ҳамагон маълум аст, ки интихоботи қарибулвуқӯъ ин як интихоботи ғайри демукротик ва ғайри одилона аст, он аҳзобе, ки номзадҳои худро пешниҳод кардаанд, фақат барои расман ва демукротик нишон додани интихобот дар назари ҷаҳониён ва ҷомеъаи байналмилалӣ мебошад. Ширкат накардани ҲНИТ дар интихобот ин ба ҷомеъаи байналмилалӣ нишон додани адами демократия дар Тоҷикистон мебошад.
Муҳаммад
__________________________

Дар Тоҷикистон аз дасти президенти ҳозира ҳеч нафар ё ҳизби сиёсӣ наметавонад озодона нафас кашад. Кабирӣ худ ба наҳве мегӯяд, ки ба сараш фишор овардаанд ("номусоъид будани фазои сиёсӣ дар дохил ва хориҷи кишвар")...
yyahoo
__________________________

Салом ба дастандаркорони радиои Озодӣ. Воқеъан шумо хидмати хуберо барои мардуми тоҷик анҷом медиҳед. Ман дар хусуси оқои Кабирӣ ҳаминро гуфтаниам, ки ӯ воқеъан як шахси диндор ва сиёсатмадори моҳирест, ки ҳама кораш ботадбир аст ва аз чунин ранг гирифтани кор напиндоред, ки ӯ хато кардааст. Ӯ ҷавонест, ки сиёсатро хуб мефаҳмад ва воқеъан иқдоми ахири ӯ фикрест олӣ ва барои бақои сулҳу суботи кишвар гомест олӣ ва ӯ бояд чунин ҳам мекард. Аҳсант ба шахсе, ки воқеъан улгуи тамоми ҷавонони мусалмони тоҷик аст ва ман бо он ки миллати тоҷик як чунин шахсияти нотакрор дорад, ифтихор мекунам. Ва дар охир ҳаминро гуфтаниам, ки ҳар шахсе, ки мехоҳад фикрашро баён намояд, ба иззати нафси касе нарасад, зеро ин хосси ҷавони тоҷики мусалмон нест. Кӯшед бо ҳикмат сухан гӯед, зеро роҳи наҷотатон дар он аст. Бо эҳтиром
Иқбол
__________________________

Мехоҳам, ки дигар ҲНИТ аз аҳдофу марому мақсади мардум сухан нагӯяд. Зеро бори дигар собит намуд, ки онҳо ҳечанд ва танҳо ба хотири манфиати хусусӣ даву тоз мекунанд. Кабирӣ тақдиру қисмати Давлати Усмонро пеши назар оварду аз майдон гурехт, таслим шуд. Охир агар ҳамин Кабирӣ ва ё дигаре аз чунин довталабон номзад шаванду ба мақоми президентӣ соҳиб шаванд, (асло намешаванд-ку) магар тавону қудрате доранд, ки кишварро обод гардонанд?.. Бисёр мехостам, то онҳо дигар дар бораи мардум андеша накунанд, аз номи халқ гап назананд, дар "Наҷот"-ашон наҷотхоҳӣ накунанд, танҳо гӯшае намозакошонро хонанд, сиёсат куҷову онҳо куҷо.
Матин
__________________________

Салом бар ҳама. Пеш аз ҳама ҳар шахс фикру андешаҳои худро мувофиқи муҳити зист ва сониян, мувофиқи илме, ки онро доро гаштааст, иброз мекунад. Ва ихтилофи андешаҳо дар асли дӯстӣ халале намерасонад. Ва пешравии давлат дар атрофи мунофасаи шариф пайдо мегардад. Аммо дар атрофи номзадии афроди ҲНИТ фикр мекунам, ки то ҳол барвақт аст. Зеро барои ободии хона бояд усули он мустаҳкам бошад. Ва ҲНИТ пеш аз пешбарии номзади худ бояд дар атрофи пайдо намудани кадрҳо дар маҷоли гуногун таркиз намуда барои мардум хидмати мухлисонаи худро нишон диҳад. Ва танҳо дар ин асно мардум худ ӯро бидуни камтарин талошҳо ба ин мақом пешбарӣ менамоянд. Бо эҳтиром
Ҷ. Мирзо
__________________________

Салом, дӯстони азиз. Ба назари ман, ин коре, ки Ҳизби Наҳзати Исломӣ пеш гирифт дар бораи интихобот, хеле боақлона ва дурандешона буд, чун медонист, ки дар ин вақт фоидае надорад. Ва дуогӯи онам, ки худованд ҳамаро тавфиқ ато кунад.
Қурбон
__________________________

Кабирӣ тоза ба раҳбарии ҳизбаш расидааст, аз ин рӯ ба хотири беолоиш нигаҳ доштани мақоми худ аъзои ҳизбро ба ин кор водор намуд ва бо ин кораш бурди зиёде ҳам ба даст овард. Аммо ин ки наҳзатиҳо хомӯш мешуда бошанд, фикри хато аст. Онҳо пайт меҷӯянд... Мардумро лозим аст, ки аз ин токтики наҳзатиҳо ҳам эҳтиёткор бошанд. Мабод он рӯз, ки исломиҳо ҳам "демократияи исломӣ" созанд. Мисле ки коммунистҳо (дар назар дорам Ҳизби Халқи Демократро) ин корро карда истодаанд.
Мурод
__________________________

Саломун алейкум, кормандони радио Озодӣ. Аз шумо ташаккур мекунам барои ин баҳсе, ки матраҳ намудед.
Ба назари ман, Ҳизби Наҳзати Исломӣ бояд номзади худро муаррифӣ намояд. Муҳим ин нест, ки Ҳизби Наҳзати Исломӣ дар ин интихобот баранда шавад, муҳим ин аст, ки ҳуҷҷати Худоро бар мардуми мусалмони тоҷик тамом кунад. Бо эҳтиром
Муҳаммади Хушбахт
__________________________

Ман фикр мекунам оқои Кабирӣ хуб дарк мекунад, ки агар ӯ аз ҷониби ҳизбаш ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ пешниҳод шавад ва ӯ номзадиашро ба ин пуст пешниҳод кунад, пирӯз нахоҳад шуд ва ин нокомӣ ба ин чеҳраи ҷадиди сиёсӣ латама ворид мекунад. Кабирӣ талош дорад, ки дар оянда як чеҳраи сиёсӣ ва бонуфуз дар ҷомеа маҳсуб шавад. Барои ҳамин аз эҳтиёт кор мегирад ва он чи ки ӯ арз мекунад, ки ба далели номусоъид будани фазои сиёсӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, на он қадар асоснок аст.
Салим
__________________________

Воқеан, Ҳизби Наҳзати Исломӣ бо ин амалаш исбот кард, ки ҷонибдори сулҳ ва оромӣ дар Тоҷикистон аст. Душманони ҳизб ба воситаи ҷалби дигар аҳзоб интизори зиёд доштанд, ки метавонанд онро барои ширкати бевосита бо номзадаш дар интихобот тел-тел кунанд. Вале тирашон хок хурд... Умедворем дар оянда Эмомалӣ Раҳмонов хидмати наҳзатиҳоро хоҳад фаҳмид ва барои додани унвони қаҳрамони Тоҷикистон ба Сайид Абдуллоҳи Нурӣ иқдоме хоҳад кард. Зеро агар Раҳмонов ин корро ҳам анҷом надиҳад, таърих шоҳид аст, ки дар зери Созишномаи умумии сулҳ имзои Нурӣ ҳамеша боқист ва наслҳое хоҳанд омад, ки ба қадри заҳматҳои ӯ мерасанд...
gjtipotti
__________________________

Дуруд! Ин мавқеъи ҲНИТ гурез аз бозиҳои сиёсӣ аст. Дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон интихобот бо як ҳаёҳӯ ва валвалаҳои аҳзоби сиёсӣ баргузор мешавад. Аммо дар Тоҷикистони мо интихобот наздик шудааст, вале касе ҷуръати номзад шудан ё баён кардани норизоии худро надорад. Ман ба хулосае омадам, ки пас аз пешбарӣ шудани Эмомалӣ Раҳмонов аз сӯи Ҳизби Халқи Демократ ҳам Ҳизби Сотсиал-Демократ ва ҳам Ҳизби Наҳзати Исломӣ аз ширкат дар интихобот даст кашиданд. Акнун иштирок накардани онҳо таъсири манфие ба кори Раҳмонов намерасонад. Баръакс, Раҳмонов аз як "проблема" халос шуд. Аз чунин мавқеъгирии ҳизбҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон, фикр мекунам, онҳо хеле тарсуянд ва наметавонанд дар баробари Раҳмонов рақобат кунанд. Акнун интихобот бе ширкати оппозитсиюни "сахт" чи маънӣ дорад? Кӣ бояд ба ноҳаққиҳо эътироз кунад? Мардумро, ки бояд аз қафои худ бибарад? Дигарон, ки метарсанд, боз ҳам Раҳмонов!
Гуразми Тоҷикфар
__________________________

Ман узви ҲНИТ нестам ва дар оянда ҳам узв шуданӣ нестам ва ба фикре, ки ин ҳизб дар мавриди интихоботи қарибулвуқӯъ дорад, тарафдорам , чунки доштани номзад дар ин интихобот кори беҳуда аст.
Раҳмон
__________________________

Кабирӣ ҳақ аст. Ҳизби ҳоким аз қабл медонист, ки ҳамин тур мешавад. Мухолифони асосӣ аз ширкат дар муборизоти интихоботӣ даст мекашанд. Ва барои ҳамин дар муддати хеле кӯтоҳ 2 ҳизби дигар ташкил кард, (аграрӣ (кишоварзӣ) ва ислоҳоти иқтисодӣ), ки зоҳиран бояд бо халқи демократҳо рақобат нишон диҳанд. Ҳоло мебинед мағлуб мешаванду кафкубӣ мекунанд. Раҳбари ҳизби ҳоким баъд мегӯяд: Ман дар набарди ҳақиқӣ пирӯз шудам. О...ҷомеаи ҷаҳонӣ пасон чӣ мегӯяд. Дар ин як давлати бузург ҳама тарафдори Раҳмонов будааст- ку.
Ума
__________________________

Албатта, ба назар мерасад, ки Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аз ҳамон сиёсати "дифоъ аз сулҳ ба ҳар қимате" пайравӣ мекунад. Дар ҳоле ки дар чанд моҳи гузашта ҳизб эълон дошта буд, ки аз ин пас аз сиёсати, ба истилоҳ, тадофуъӣ ба таҳоҷумӣ (дар арсаи сиёсат) мегузарад. Пас он чи мо мебинем, ҳамоно "тадофуъӣ" аст. Воқеъан, наҳзатиҳо сабри айюбӣ доранд. Ин ҳама фишору маҳдудиятҳо, ин ҳама мушкилоту мусибатҳои маснӯъӣ. Боз ҳам сабр карда, ба хотири авзоъ аз ҳаққи худ мегузаранд ва худ ва ҳизби худро фидои сулҳу амнияти миллат мекунанд. Ман ба ин ҳизб таҳсин мегӯям, аммо баъзан мебинам, ки бархе аз пайравони нисбатан тунди Наҳзат бо ин хел гузаштҳои раҳбарони худ мухолифанд. Оё ин масъала наметавонад ба унвони як нигаронӣ барои нуфузи ояндаи ҳизб матраҳ бошад? Шояд ҳизб бо ин гуна гузаштҳо нирӯҳои ҷавон, шуҷоъ, азим ва муассири худро аз даст диҳад.
Адҳами Комил
__________________________

Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизе ҳаст ё беш аз андоза дароз аст, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳад шуд. Зимнан, ҳич назаре дар Майдони Баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG