Пайвандҳои дастрасӣ

Владимир Сотиров: "Парҳез аз интихобот тасмими хубе нест."


Владимир Сотиров: "Албатта, мо мехоҳем интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон дар фазои сулҳомез бигзарад, тавре ки ҳамаи мардум имкони изҳори назар дар мавриди номзадҳои мухталифро дошта бошанд. Мо дар ин замина корҳое анҷом додаем ва ҳамин ҳоло ҳам бо аҳзоби сиёсӣ ва Кумисиюни Марказии Интихобот ва Раъйпурсӣ дар тамосем. Нигарониҳои ҳизбҳои сиёсии мухталиф дар санаде зери унвони "Муқаррароти омодагӣ ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва баргузории он" бозтоб ёфтааст. Мусалламан, мо мехоҳем, ки ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ дар интихобот ширкат кунанд, вале, албатта, назарҳо дар ин бора мухталиф аст. Он гуна ки медонед, Ҳизбҳои Сусиёл-Демукрот ва Демукрот тасмим гирифтаанд аз ширкат дар интихобот парҳез кунанд. Вале ман шахсан фикр мекунам, ки ин тасмим хеле олӣ нест, чун ҳоло демукросӣ дар Тоҷикистон тоза ривоҷ меёбад ва ҳамаи нирӯҳои сиёсӣ ҳатт-ал-имкон талош кунанд, ки дар зиндагии сиёсии кишвар ҳузур дошта бошанд. Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ марҳилае муҳимме аз тавсеъаи кишвар аст ва он раҳбарии кишвар ва оҳанги рушди онро мушаххас хоҳад кард."

Озодӣ: Корзори интихоботӣ дар Тоҷикистон рӯзи 16 сентябр оғоз шуд. То кунун, ба назари шумо, ин корзор демукротик, мунсифона ва шаффоф будааст?

Владимир Сотиров: "Мо мехостем, ки ин гуна бошад. Вале ба назари ман, ҳамин ки чанд номзад то кунун пешбарӣ шудаанд, нишон медиҳад, ки созукор ё меканизми демукросӣ ба роҳ уфтодааст. Албатта, эъмоли ҳамаи қоъидаҳои демукросӣ дар Тоҷикистон душвор аст, аммо ба ҳар ҳол, ин ҳам роҳе аз изҳори назарҳои мухталиф аст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин чандандешӣ ё плюрализм аз омилҳои умдаи тарвиҷи демукросӣ ба шумор меравад."

Озодӣ: Аммо чаро эъмоли демукросӣ дар Тоҷикистон бояд душвор бошад?

Владимир Сотиров: "Чаро ки суннати демукросӣ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад ва созукор ё меканизми демукросӣ барои муддати тӯлониӣ фаъъол набудааст. Он гуна ки медонед, Тоҷикистон ахиран тоза понздаҳумин солгарди истиқлолашро ҷашн гирифт ва бахши умдаи давраи истиқлоли Тоҷикистон дар ҷанги дохилӣ ҳадар рафт."

Озодӣ: Оё ин бад-он маъност, ки ҳатто агар қонунҳои марбута дар давраи интихобот дар Тоҷикистон нақз шавад, Созмони Милал бо мақомот бархӯрде сахтгирона нахоҳад дошт?

Владимир Сотиров: "Мо мухолифи ҳар навъ нақзи қонун ҳастем. Мо ҳатто мехоҳем, ки қонун беҳтар аз қонуни мавҷуд бошад. Аммо мо аз ҳар интихоботе, ки дар фазои сулҳомез баргузор мешавад, истиқбол мекунем. Интихоботе, ки демукротиктар ва шаффофтар бошад ва интихоби шаҳрвандони Тоҷикистонро бештар бозтоб бидиҳад. Мо аз ҳар интихобте, ки боъиси ривоҷи демукросӣ дар кишвар шавад, ҳимоят хоҳем кард."
XS
SM
MD
LG