Пайвандҳои дастрасӣ

Накӯҳиши раисони навоҳии Хатлон


Раиси вилояти Хатлон Амиршо Миралиев гуфт, раисони навоҳии Ҳамадонӣ, Ёвон, Сарбанд, Панҷ, Ҷилликӯл, Вахш, Қумсангир, Восеъ ва Хуросон ба масъалаи ҷамъоварии молиёт, фаъол кардани корхонаҳои саноатӣ, сохтмон, истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва ҷамъ овардани ҳосили пахта аҳамияти кофӣ намедиҳанд.


Дар як ҷаласаи ҳукумати вилоят, оқои Миралиев гуфт, дар ҳашт моҳи сипаришуда дар вилояти Хатлон 60 миллион сомонӣ молиёт ҷамъ наовардаанд ва ҳаҷми қарзи молиёти иҷтимоӣ ба 30 миллион сомонӣ расидааст. Устондори Хатлон ҳамчунин аз ҷараёни бардоштани ҳосили пунба дар ин бузургтарин вилояти пахтапарвари Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда ва аз раисони ноҳияҳои вилоят хост, то ҷамъоварии ҳосили пахтаро суръат бахшанд.


Феълан дар вилояти Хатлон ҳудуди 180 ҳазор нафар ба умури ҷамъоварии пунба ҷалб шудаанд ва ҳукумат барои ҷамъоварии ин маҳсулоти стротежии кишвар беш аз 10 миллион сомонӣ ихтисос додааст. Аммо раиси ҳукумати вилояти Хатлон мегӯяд, ки кишоварзон дастмузди худро намегиранд. Қиммати ҳар як кило пахта дар Хатлон аз 10 то 15 дирам муқаррар шудааст.
XS
SM
MD
LG