Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳои SWISS PEACE ба вазъи амниятии Тоҷикистон


Бунёди Cулҳи Свис ва ё Швейтсария дар пажӯҳиши тозаи худ роҷеъ ба амнияти Тоҷикистон тайи моҳҳои март то август мегӯяд, агарчӣ амният дар ин кишвар дар авоили соли равон мустаҳкам буд, аммо баъд аз нимаи дуввуми соли равон ва бахусус дар моҳи июн заъифтар шуд.


Амният дар Тоҷикистон ба гуфтаи муаллифони гузориши "Арзёбии нимсолаи хатарот дар Тоҷикистон", бинобар рушди фавқуллодаи иқтисоди баъдиҷангии кишвар тақвият ёфтааст. Дар гузориш гуфта мешавад, тайи панҷ соли ахир мизони тавлидоти нохолиси дохилии (ВВП) Тоҷикистон 60 дар сад афзоиш ёфта ва қарзи кишвар, ки соли 1998-ум 108 фоизи тавлидоти нохолисро ташкил медод, соли 2006-ум 31 дар садро ташкил дод.


Ба гуфтаи муаллифони гузориш, ҳукумати Тоҷикистон, ки мехоҳад солҳои оянда беш аз якуним миллиар доллар барои соҳаи энержӣ ҷалб кунад ва то соли 2009 қодир ба таъмини хеш бо нерӯи барқ бошад, бо даст ёфтан ба ин ҳадаф метавонад, иқтисоди хешро тақвият бахшида ва даромади солонаи мардумро ба таври чашмгир бияфзояд.


Аммо гуфтааст, Бунёди Сулҳи Свис фасодкорӣ ҳамчунон яке аз мушкилоти бузурги Тоҷикистон боқӣ мемонад ва то ба сатҳи болотарини ҳукумат расидааст. Ба гуфтаи ин созмон, бахши чашмгири қарзҳои хориҷӣ ва сармояҳо зоҳиран дар "кисаи мақомот ғайб мезананд." Вазъи аз ҳама бад дар риштаи пахтапарварӣ мушоҳида мешавад, гуфтааст ин созмон ва афзудааст, фасодкорӣ як монеъаи ҷиддие дар роҳи созмонҳои кишварҳои донор аст.


Вазъи амниятӣ дар марзҳои кишвар дар ин давра бахусус сарҳади Тоҷикистону Афғонистон мояи нигаронӣ будааст. Марзҳо бо Ӯзбакистону Қирғизистон, ки ҳимояти онҳо назар ба ҳифзи марзи Тоҷикистону Афғонистон дуввумдараҷа ба ҳисоб мерафт, моҳҳои гузашта шоҳиди ҳамлаҳои тундравон шуданд.


Бунёди Сулҳи Свис мегӯяд, бе назардошти нооромиҳои ғайриқобили пешбинӣ вазъи феълии амниятӣ дар Тоҷикистон бетағйир боқӣ хоҳад монд ва ё каме беҳтар хоҳад шуд. Агар иқтисоди кишвар рушд кунад, танишҳои иҷтимоӣ ғолибан коҳиш меёбанд. Иқдомҳои террористӣ, ки ба ҳаракатҳои тундрав иртибот дода мешаванд, мояи нигаронии ҳукумат аст, аммо ҳукумат ҷилави ин хатарро гирифтааст ва дар ояндаи наздик низ чунин хоҳад кард.


Бунёди Сулҳи Свисс, як созмони мустақилест, ки ҳамасола доир ба хатароти амниятӣ ва суботи теъдоде аз кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла Тоҷикистон ду маротиба гузориш нашр мекунад.
XS
SM
MD
LG