Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарангис Нуруллохоҷа - оҳангсози тоҷики Канада


Сӯҳбати Хиромон Бақозода Фарангис Нуруллохоҷа, оҳангсози 34-солаи тоҷик аст, ки ҳоло дар Монтреали Канада ба сар мебарад. Фарангис ахиран дар ҷашнвораи Гвадуамус дар Амстердами Ҳоланд асари тозатарини худро пешкаши шунавандаҳо кард. Ва суоли нахуст аз ӯ дар бораи ҳамин ҷашнвора буд.

Ин ҷашнвораи байналмилалии Гвадуамус буд дар шаҳри Амстердам. Ин ҷашнвора ҳар сол мешавад ва барои он асарҳоро махсус интихоб мекунанд. Асари ман бояд бо асбоби шарқиву ғарбӣ навохта мешуд ва ин барои аввалин бор чунин як асар дар ин ҷашнвора садо медод.

Ин асаратон чӣ ном дорад?

Номи он бо англисӣ Three rivers, four strings, яъне Се дарё, чаҳор тор.

Чаро асаратонро чунин номгузорӣ кардед, оё аз асбобҳои мусиқӣ вобаста буд?

Бале, бале. Пеш ман ин хел асарҳо наменавиштам, асосан манн барои асбобҳои ғарбӣ пеш менавиштам. Аз ин рӯ, навиштани ин асар барои худам ҳам ҷолиб буд. Пеш аз ин дар Порис кор мекардам ва он ҷо низ асарҳо менавиштам.

Фарангис, дар ин асаратон, ки дар ҷашнвораи Амстердам садо дод, шумо аз кадом асбобҳои миллӣ, шарқӣ низ истифода кардед? Кадом асбобро истифода намудед?

Ман аз асбоби чиноӣ, эрҳу, дудуки арманӣ ва дигар асбобҳо истифода кардам.

Мусиқӣ охир мусиқии замонавӣ маҳсуб мегардад, на?

Хуб, бале. Мусиқӣ мусиқии замонавӣ мебошад.

Фарангис, барои чӣ шумо чунин як роҳи ғайримуқаррариро интихоб кардед, барои чӣ масалан, эҷоди оҳангҳои сирф миллӣ ва ё оҳангҳо барои сурудҳоро интихоб накардед? Яъне, манзурам ин ки коре, ки шумо мекунед, дар Тоҷикистон хеле кам муаррифӣ шудааст, ва шумо акнун дар Канада ба сар мебаред ва дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ шимркат мекунед

Ман мусиқиро аз хурдиям дӯст медорам, ман бо мусиқӣ алоқа доштам, падарбузургам Зиёдулло Шаҳидӣ мебошанд. Он ки он кас оҳангсоз буданд ва оҳангсози машҳур низ дар интихоби касб барои манн таъсир дошт. Модарам мехостанд, ки ман бо мусиқӣ машғул шавам ва маро ба мактаби мусиқӣ доданд. Манн мусиқиро дӯст доштам, ман зиёд менавохтам, дар Душанбе таҳсилро тамом кардам, вале дар аввал рости гап ман бисёр мехостам духтур шавам. Хуб, аммо ман ба мактаби мусиқӣ рафтам, мактаби мо хеле хуб буд, аммо мутаассифона ҷанг сар шуду ман бояд таҳсиламро идома медодам, бар ин илова, ман хеле мехостам, ки дар Аврупо бихонам. Ҳамин гуна, ба Шведсия омадам ва мондам дар Аврупо. Ман Тоҷикистон меравам зуд-зуд ва хеле дӯст медорам, ки дар ватани ман низ оҳангҳои манн садо диҳанд. Албатта, кӯшиш мекунам ки равам Тоҷикистон ва ягон барнома иҷро кунам. Мо ду сол қабл як ҷашнвора ташкил карда будем дар Душанбе, он ҷашнвораи нахустини мусиқии муосир буд..

Шумо, яъне кӣ?

Бунёди Зиёдулло Шаҳидӣ ҳамроҳ бо сафорати Фаронса ва маркази Бохтар ва вазорати фарҳанг. Мо мехостем инро идома бидиҳем аммо мутаассифона ман, ки дар Тоҷикистон нестам. Талош мекунем, ки соли оянда боз як ҷашнвораи дигар он ҷо дошта бошем. Ин ҷашнвораҳо на танҳо ба хотири муаррифии ман хоҳанд буд, ман мехоҳам мусиқинавозу оҳангсозҳои дигарро ҳам Тоҷикистон орам, муаррифӣ намоем ва ин ки мардум мусиқии дигарро ҳам гӯш диҳанд.

Шумо гуфтед, мусиқии дигарро бишнаванд. Манзуратон чӣ аст?

Мусиқии муосир ҳоло дар Аврупо зиёд навохта мешавад ва дар Осиёи Марказӣ, хусусан дар Тоҷикистон кам. Манзурам ин буд.

Фарангис, шумо ба мусиқии имрӯзи тоҷик чӣ баҳо медиҳед? Аз кадом нигоҳ ба андешаи шумо мусиқии тоҷик дар ин 15 сол пешрафт кард ва ё баръакс таназзул намуд?

Саволи хуб. Ман фикр мекунам, ки мусиқии суннатии тоҷик хеле пешрафт намуд, аммо аз дигар тараф мусиқии симфонӣ таназзул кард. Сабабаш на дар он аст, ки оҳангсозон ва ё навозандагони хуб нест, баръакс, хеле санъаткорони хуб дорем мо, вале мутаассифона ҳама вазъияти Тоҷикистонро хуб медонанд, ки маош кам мебошад, мо оркестр надорем.

Ва фикратон дар мавриди мусиқии поп чӣ аст?

Мусиқии поп, баъзе сурудҳо хубанд, масалан, Далер Назарову гурӯҳи Шамс. Инҳо синтез мекунанд, мусиқии помириро гирифта бо поп синтез мекунанд. Ва ин дар назари ман хеле ҷолиб аст.

Фaрангис, шумо оҳангсози озод мебошед ва ё дар ягон ҷои мушаххас кор мекунед?

Ман оҳангсози озодам. Ман аз ҳар гуна ҷойҳо фармоиш мегирам, масалан, ҳамон ҷашнвораи Амстердам, ва ғайра.

Пули хуб медиҳанд?

Баъзан вақт ҳа, баъзан не.

Шумо баъзан мушкилии молӣ ҳам доред пас?

Баъзан, ҳа.

Шавҳари шумо ба чунари шумо чӣ назар доранд?

Шавҳарам шаҳрванди Канада мебошанд, маро дастгирӣ мекунанд, он кас нависанда мебошанд. Исмашон Девид Кларк мебошад. Як бор ҳамроҳ Тоҷикистон рафта будем ва дар бораи Тоҷикистон якчанд ҳикоя ҳам навиштаанд. Як писарча дорем, номаш Равшан.

Тоҷикӣ ном гузоштед?

Ҳа, албатта.

Чаро албатта? Шавҳаратон мухолифат накард ба номи тоҷикӣ?

Охир ман тоҷик ҳастам ва шавҳарам ҳам мухолиф набуд.
XS
SM
MD
LG