Пайвандҳои дастрасӣ

Моҳи рамазон ва нигарониҳо


утоқи хабари Озодӣ Мусалмонон дар саросари ҷаҳон риъояти муқаррароти моҳи шарифи худ рамазонро шурӯъ кардаанд. Дар Тоҷикистон оғози ин моҳ рӯзи якшанбе, 24 сентябр, буд. Дар бархе дигар аз кишварҳои ҷаҳон оғози он, рӯзи шанбе, 23 сентябр буд. Тайи ин моҳ қарор аст мусалмонон андешаву кирдори худро поку муназзаҳ кунанд. Аммо дар бархе аз нуқоти ҷаҳон аз моҳи рамазон бо нигаронию изтироб истиқбол мекунанд.

Рамазон, ки давраи рӯзадорию таъаммуқи дарунӣ ё тафаккури худнигарона аст, имсол барои мусалмонони Ироқ мояи нигарониҳост. Моҳи рамазон барои мусалмонони суннимазҳаб дар Ироқ ва бархе дигар аз кишварҳои ҷаҳон рӯзи шанбе, 23 сентябр оғоз шуд. Дар ҳоле ки моҳи рамазон умдатан замоне барои тамаркузи дарунгароёна ба шумор меояд, тайи чанд соли ахир Ироқ тайи ин моҳ шоҳиди афзоиши хушунатҳо будааст.

Нурӣ ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ, аз мусалмонони шиъаву суннӣ хостааст, ки бо истифода аз ин фурсат ихтилофоти худро канор бигзоранд ва ба хушунатҳои миёнмазҳабӣ поён ниҳанд.

Маҳмуд Абуд, як сокини шаҳри Бағдод, пойтахти Ироқ, мегӯяд, ки умедвор аст дархости оқои Моликӣ гӯши шунавое пайдо кунад:

"Ин моҳ муборак аст, чун баргузидаи Худованд аст. Аз ин рӯ мо бо намоз ба даргоҳи илоҳӣ мехоҳем, ҳамаи ироқиҳоро ба ҳам орад ва тайи ҳамин моҳ моро муттаҳид кунад ва сулҳу амниятро барои ҳамаи ироқиҳо арзонӣ дорад."

Бино ба гузоришҳои расида аз Ироқ, рӯзи якшанбе, 24 сентябр дар он кишвар дастикам 5 тан кушта ва 20 тани дигар захмӣ шудаанд. Рӯзи шанбе бар сари инфиҷори як тонкери нафтӣ дар шаҳраки шиъанишини Садр дар Бағдод дастикам 30 тан ҷон доданд.

Дар Бейрут, пойтахти Лубнон, хиёбонҳо пур аз тазйиноти рангин аст ва мардум ба самти бозори сабзиҷотфурӯшии шаҳр мераванд, ки барои ифтор харид кунанд. Илҳом Нуъмонӣ, як сокини Бейрут, аз қимати гарон дар бозор дар пайи ҷанги 34-рӯзаи миёни Исроил ва ҷунбиши шибҳинизомии шиъаи Ҳизбуллоҳ шикоят мекунад:

"Як хонаводаи иборат аз се кӯдакро метавон идора кард, вале ман чи кор бикунам? Ман шаш фарзанд дорам, чи тур барояшон ғизо пайдо кунам? Ин барои мо хеле душвор аст ва акнун ҳама чиз гаронтар шудааст. Кирояи токси ва васоили ҳамлу нақли ҳамагонӣ гаронтар гудааст. Барои чӣ мо бояд пули бештар бидиҳем? Онҳо дастмузди моро афзоиш намедиҳанд."

Исроил барои ҳудуди ду моҳ алайҳи Лубнон таҳрими таробарӣ ё нақлиётӣ эъмол кардааст.

Мақомоти Эрон рӯзи 21 сентябр эълом карданд, ки тайи моҳи рамазон гӯшти сурх ва гӯшти мурғ бо қимати поин фурӯхта хоҳад шуд.

Мусалмонони Индунезӣ (бузургтарин кишвари мусалмоннишини ҷаҳон), Миср ва ҳамчунин Филипин, ки ғолибан католикнишин аст, рӯзи якшанбе (24 сентябр) бо намози ҷамоъат аз оғози рамазон таҷлил карданд.

Ронӣ Пусака, дабири Масҷиди Заррини Манил, пойтахти Филипин, аз мусалмонон хост, ки муроъоти омӯзаҳои исломро на танҳо дар моҳи рамазон, балки дар дигар моҳҳо низ анҷом диҳанд:

"Мо набояд танҳо дар моҳи рамазон инсонҳои хубе бошем. Ин мумкин ва қобили тавсия аст, ки дар тӯли 12 моҳи сол рафторамон бо ҳамагон хуб бошад."

Замони фарорасии моҳи рамазон, ки дар Қуръон тасреҳ шудааст, бо таваҷҷӯҳ ба расади моҳи нав ва муҳосиботи ахтаршиносона дар кишварҳои мухталиф мутафовит аст.

Дафтари Оятуллоҳ-ул-узмо Алии Систонӣ, яке аз баландпоятарин чеҳраҳои мазҳаби шиъа дар Ироқ, эълом кардааст, ки моҳи рамазон барои мардуми шиъаи ин кишвар рӯзи душанбе, 25 сентябр, оғоз мешавад.
XS
SM
MD
LG