Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи ҷамъоварии имзо ба ҷонибдории номзадҳо.


Кумисcиюни Марказии Интихоботи Тоҷикистон хабар дод, ки се ҳизби муддаъии ширкат дар интихоботи раиси ҷумҳури ин кишвар ба ҷамъоварии имзо ба тарафдории номзадҳои худ ба мақоми раёсати ҷумҳур оғоз кардаанд.


Муҳибулло Додоҷонов - раҳбари дафтари Кумиссиюни Марказии Интихобот гуфт, бо ин ҳадаф Ҳизби Сотсиалист, Ҳизби Кишоварзӣ ва Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодӣ гурӯҳҳои ташаббускор таъсис додаанд ва феълан ин гурӯҳҳо дар манотиқи мухталиф машғул ба ҷамъоварии имзо мебошанд.


Оқои Додоҷонов афзуд, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳизби ҳоким низ ба ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдории номзади худ пардохтааст. Аммо ба гуфтаи оқои Додоҷонов, ташаккули сиёсии ошнои ҷомеаи Тоҷикистон -Ҳизби Коммунист то ҳол ба ҷамъоварии имзо ба ҷонибдории довталаби худ шурӯъ накардааст.


То имрӯз, Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳизби Халқӣ-Демократӣ ва Иттиҳоди Ҷавонони Тоҷикистон, Амир Қароқулов аз сӯи Ҳизби Кишоварзӣ, Олим Бобоев ба намояндагӣ аз Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодӣ, Исмоил Талбаков - намояндаи Ҳизби Коммунист ва Абдулҳалим Ғаффоров раиси Ҳизби Сотсиалист ба унвони довталаб ба номзадии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шудаанд.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG