Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии хатари HIV AIDS ба Осиёи Марказӣ


Густариши бемории кушандаи HIV AIDS дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ имрӯз дар шаҳри Бишкек пойтахти Қирғизистон мавриди баррасии намояндагони порлумонҳои ин мамолик қарор дорад.


Дар ин ҷо бо мусоидати порлумони Қирғизистон конфронси байналмилалӣ таҳти унвони "Эпидемияи HIV AIDS дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ. Таъмини роҳҳои қонунии ҷилавгирӣ аз ин беморӣ ва дурнамои ҳамкориҳои минтақавӣ" идома дорад, ки дар он намояндагони Тоҷикистон низ ширкат мекунанд.


Бар тибқи иттилоъи Бонки Ҷаҳонӣ, Осиёи Марказӣ шоҳиди густариши босуръати бемории норасоии масъунияти бадан аст. Тайи чаҳор соли ахир бемории мазкур ба таври бесобиқа дар ин минтақа афзоиш ёфтааст. Бино ба омори расмӣ, соли 2000 дар минтақа танҳо 500 мавориди гирифторӣ ба ин бемории кушанда сабт шудааст, аммо теъдоди мубталоён соли 2004 дар ин минтақа ба 12 ҳазор нафар расидааст.


Тахмин мешавад, ки теъдоди воқеъии гирифторони бемории норасоии масъӯнияти бадан дар Осиёи Марказӣ ба 90 ҳазор нафар мерасад. Ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ дар сурати ҳамингуна доман задани бемории норасоии масъунияти бадан дар даҳсолаи оянда метавонад сабаби кунд шудани рушди иқтисодӣ дар кишварои Осиёи Марказӣ шавад.


Ҳадаф аз ташкили конфронси байналмилалӣ, ҷалби таваҷҷӯҳи вакилони мардумии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба бемории HIV AIDS, баррассии роҳҳои фаврии муқобила бо ин беморӣ будааст. Қарор аст, намояндагони расмии Тоҷикистон дар ин конфрон суханронӣ кунанд. Теъдоди мубталоён ба HIV AIDS дар Тоҷикистонро бештар аз 500 нафар медоданд.
XS
SM
MD
LG