Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори қарибулвуқӯъи Попи Рум бо мусулмонон


Қарор аст, имрӯз Попи Рум Бенедикти XVI бо дипломатҳо ва пешвоёни ҷомеаҳои мусулмонон мулоқот кунад, ки онро як талоши дигар барои раъфи бӯҳрон бар сари баёнияи Попи Рум роҷеъ ба дини Ислом хондаанд.
Интизор меравад, ҳудуди 20 намоянда, аз ҷумла аз Ирону Туркия ва кишварҳои узви ҷомеаи мамолики араб бо Попи Рум дар қароргоҳи тобистонаи ӯ дар шаҳри Рум дидор кунанд.
Попи Рум бо аввали ин моҳ бо нақли қавл аз як императори насронии асрҳои миёна, ки гуфтааст, Ислом таввасути хушунат густариш дода шуд, хашми мусулмонони ҷаҳонро барангехт.
Агарчӣ баъд аз ин баёния ӯ чандин бора ибрози таассуф кард, аммо ба таври равшан маъзарат нахостааст, чизе, ки теъдоде аз мусулмонон талаби онро кардаанд.
XS
SM
MD
LG