Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саъудия мегӯяд, далели марги бин Лодин дар даст нест


Мақомоти Арабистони Саъудӣ мегӯянд, далели даргузашти Усома бин Лоден, раҳбари шабакаи ваҳшатафкани Ал-Қоидаро дар даст надоранд. Ин изҳорот ба шубҳаҳое афзуд, ки пиромуни як хабари нашрияи фаронсавӣ дар бораи марги бин Лодин дар Покистон аз бемории домана рӯ задаанд. Нашрияи фаронсавии "Ле Ист Републикайн", санади хадамоти кашфи хориҷии Фаронсаро нақли қавл кард, ки гӯё аз манобеъи саъудӣ дастрас шудааст. Ҳукуматҳои Фаронса ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ гуфтаанд, ин иттилоъро тасдиқ карда наметавонанд. Аммо Лаид Самарӣ, муаллифи мақолаи "Ле Ист Републикайн" мегӯяд: "Ба назари ман, мо наметавонем саҳеҳ будани ин санади марбут ба хадамоти иктишофии Фаронсаро, ки тамғаи маълумоти вижаи сирриро дорад, зери шубҳа гузорем. Таърихи ин санад аз 21 сентябр буда, ба андозае санади дақиқ аст, ки ҳатто раисиҷумҳури Фаронса дирӯз гуфт, дастур додааст, то чигуна ифшо шудани ин санадро таҳқиқ кунанд."
Маҷаллаи амрикоии "Тайм" низ бидуни бурдани ном аз қавли як мақоми саъудӣ навишт, ки хадамоти ин кишвар дар ҳафтаҳои гузашта дар бораи ба як беморӣ мубтало шудани бин Лодин навишт, ки гӯё аз олудагии об маншаъ гирифтааст.
Ин бори аввал нест, ки хабари марги раҳбари Ал-Қоида , ки бовар меравад, дар манотиқи марзии байни Покистону Афғонистон паноҳ бурдааст, паҳн мешавад.
XS
SM
MD
LG