Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲСДТ дар интихоботи президенти Тоҷикистон ширкат намеварзад


Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон эълом доштааст аз ширкат дар интихоботи қарибулвуқӯъи раёсат ҷумҳурии ин кишвар, ки 6 ноябри соли равон дар назар аст худдорӣ меварзад. Ин матлаб дар нуҳӯмин анҷумани ин ҳизб рӯзи якшанбеи (24 сетябр) дар шаҳри Душанбе дар ҳузури вакилону меҳмонони ҳамоиши мазкур расман эълом шуд.
Раҳматулло Зойиров раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон зимни эъломи мавзеъи ҳизбаш роҷеъ ба интихоботи дар пешистодаи президентии Тоҷикистон гуфт номзад пешниҳод накардани ин ҳизб ба мақоми президенти кишвар ба маънои эъломи таҳрим алайҳи интихоботи моҳи ноябрии раёсат ҷумҳурии Тоҷикистон нест.
Аз сӯи дигар оқои Зойиров нуфуз доштани Қонуни феълии Тоҷикистон роҷеъ ба интихоботи президентро аз дигар далоили ширкат наварзидани ин ҳизб дар интихоботи раёсат ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ кард.
Ба ин тартиб Ҳизби сотсиал демократии Тоҷикистон миёни аҳзоби сиёсии ин кишвар аввалин ташаккули сиёсиест,ки тасмими ниҳоии ширкат наварзидани худ дар интихоботии раёсат ҷумҳурии Тоҷикистонро расман эълом доштааст. Рӯзи 25 сентябр Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ дар анҷумани ғайринавбатиаш масъалаи пешниҳоди номзад аз ин ҳизбро барои ширкат дар интихоботи раиси ҷумҳури Тоҷикистон эълом медорад.
XS
SM
MD
LG