Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

" ТоҷИрон" ба тавлиди тракторҳо оғоз кард.


Аввалин трактори тамғаи истеҳсоли корхонаи муштараки тракторбарории «ТоҷИрон», дар шаҳри Душанбе ахиран аз хатти тавлид берун омад. Зайд Саидов вазири саноати Тоҷикистон дар маросимe ба ин муносибат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳи тракторбарории " ТоҷИрон"-ро барои пешрафти бахши кишоварзии Тоҷикистон бисёр муфид арзёбӣ кард ва гуфт дар ҳоли ҳозир соҳаи кишоварзии ин кишвар рӯиҳамрафта ба дарёфти техникаи соҳавӣ, аз ҷумла тракторҳои наву муосир сахт ниёзманд аст. Вазири саноати Тоҷикистон ибрози умедворӣ намуд, ки бо фаъол гардидани корхонаи тракторбарории «ТоҷИрон» хоҷагиҳои деҳқонӣ ва бахши кишоварзии Тоҷикистон бо тракторҳои нав таъмин мегардад.
Мақомоти корхонаи тракторбарории «ТоҷИрон» тавлидоти худро хушсифат ва ҳамзамон аз лиҳози қимат муносиб барои шароити Тоҷикистон унвон намудаанд. Қимати миёнаи як трактори истеҳсоли корхонаи ёдшуда 11-12 ҳазор доллари амрикоир ташкил медиҳад. Зарфияти тавлидии корхонаи «ТоҷИрон» дар як сол баробар ба 3 ҳазор адад трактор аст ва дар марҳалаи баъдӣ содироти маҳсулоти он ҳамчунин ба Афғонистон, Озарбойҷон ва кишварҳои Осиёи марказӣ дар назар аст.
Панҷоҳу як дарсади саҳмияи корхонаи муштараки «ТоҷИрон» мутааллиқ ба ҷониби Эрон аст.
Тавофуқи таъсиси корхонаи муштарак миёни мақомоти Тоҷикистону Эрон моҳи июни соли равон дар шаҳри Душанбе ба даст омада буд. Ва дар ҷараёни сафари ду моҳ қабли раиси ҷумҳурии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба Тоҷикистон он амалан мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
XS
SM
MD
LG