Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмонов - номзади ҳизби ҳоким дар интихоботи президентӣ


Вакилони ҳамоиши Ҳизби халқию демократии Тоҷикистон рӯзи шанбе (23 сентябр) ба иттифоқи оро номзадии раиси ин ҳизб Эмомалӣ Раҳмоновро ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ дар интихоботи 6-уми ноябр пешбарӣ карданд.


Оқои Раҳмонов ин қарори аъзои ҳизби худро пазируфт ва гуфт "ин на танҳо ифтихор, балки масъулияти бузурге дар назди мардум аст. Мо бояд кореро, ки сар кардаем, ба поён расонем."


Вакилони ҳамоиш дастовардҳои давраи истиқлоли Тоҷикистонро ба сиёсатҳои оқои Раҳмонов нисбат доданд ва ӯро офарандаи сулҳи Тоҷикистон номиданд.


Пешбарии номзадии Раҳмонов дар ҳоле сурат мегирад, ки мухолифони вай ҳаққи ӯро ба даври севвуми раёсати ҷумҳурӣ рад мекунанд ва Раҳматулло Зоиров - раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегўяд, мӯҳлати раёсати Раҳмонов кайҳо ба поён расида, тибқи Қонуни асосӣ вай дигар ҳаққи ширкат дар интихоботро надорад.


Ахиран мақомоти Ҳизби демократи Тоҷикистон низ гуфтаанд, ки дар сурати ширкати Раҳмонов дар интихобот онҳо ин интихоботро таҳрим хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG