Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумаки Амрико ба марзбонони тоҷик


Кумаки фаннии ҳукумати ИМА дар ҳудуди 400 ҳазор доллар ба нирӯҳои марзбони Тоҷикистон ироа шуд. Пол Шот, намояндаи сафорати Амрико дар Душанбе гуфт, ин кумаки фаннӣ идомаи кумакҳои кишвари ӯ ба марзбонони тоҷик дар чорчӯби ду тарҳ аст, ки аз як сол пеш то кунун идома дорад. Ҳамакнун, марзбонони тоҷик соҳиби панҷ қоиқи назорати марзӣ ҷиҳати муроқибат аз марзи Тоҷикистону Афғонистон дар рӯдхонаи Панҷ, даҳ мотосикли сохти ҷадид барои убури манотиқи мушкилгузар, чанд адад роёна (компютер) ва либоси низомии вижаи тамринҳо шуданд.


Пол Шот ҳамчунин афзуд, марзи миёни Тоҷикистон ва Афғонистон аз манотиқи марзии муҳимми Тоҷикистон аст, ки ба кумакҳои фаннӣ ниёз дорад. Ҳукумати ИМА дар маҷмӯъ дар чорчӯби ин ду барномаи кумак ба марзбонони тоҷик ҳудуди як миллиону дусад ҳазор доллар ва ҳамчунин дар доираи дигар барномаҳо беш аз як миллиону панҷсад ҳазор доллар кумак кардааст.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG