Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамос: Исроилро ба расмият нахоҳем шинохт


Ҷунбиши ҳокими Ҳамос дар сарзаминҳои фаластинӣ гуфтааст, ки шомили ҳич давлати ваҳдати фаластиние нахоҳад шуд, ки Исроилро ба расмият бишносад. Ин хабарро рӯзи 22 сентябр Аҳмад Юсуф, дастёри аршади Исмоил Ҳония, нахуствазири ҳукумати худгардони фаластинӣ эълом кард.


Баёнияи оқои Юсуф ба унвони вокуниш ба изҳороти Маҳмуд Аббос, раҳбари ҳукумати худгардон арзёбӣ шудааст. Оқои Аббос рӯзи панҷшанбе (21 сентябр) ба Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки ҳар навъ давлати эътилофии фаластинии оянда давлати Исроилро ба расмият хоҳад шинохт ва аз хушунат дурӣ хоҳад ҷуст.


Аммо Аҳмад Юсуф ба навбаи худ пешниҳоди барқарории як оташбаси даҳсола бо Исроилро матраҳ кард.


Авӣ Пазнер, сухангӯи давлати Исроил, бедиранг ин пешниҳодро рад кард ва хостори шиносоии расмии давлати Исроил аз сӯи ҳукумати худгардони фаластинӣ шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG