Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хабарнигоронро ба интихобот омода мекунанд


Як нишасти омӯзишии дурӯза ҷиҳати омодагии хабарнигорон ба интихоботи раисҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе аз сӯйи Дастгоҳи раёсати ҷумҳур ва намояндагии СММ дар ин кишвар шурӯъ шуд.


Кароматулло Олимов, мушовири раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ҳадаф аз баргузории ин нишаст возеҳ сохтани нақши расонаҳои хабарӣ ва ҳаққи иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсии кишвар аст. Вай афзуд, таҷрибаи интихоботи пешин нишон додааст, ки дар маъракаи пешазинтихоботӣ ва интихобот хабарнигорон аз ҳуқуқҳояшон истифода бурда наметавонанд ва ё сӯистифода мекунад. Мушовири раиси ҷумҳури Тоҷикистон бархе аз васоити ахбори оммаро аз ҷумлаи авомили ҷанги шаҳрвандии солҳои 90 дар Тоҷикистон ном бурда, афзуд, ки вазъи имрӯза аз расонаҳо бархӯрди воқеъбинонаро ба дигаргуниҳои кишвар тақозо мекунад.


Дар ҳамин ҳол, намояндагони аҳзоби оппозитсионӣ чандин маротиба аз дастрасӣ надоштанашон ба расонаҳои ҳукуматӣ ва саросарии кишвар изҳори нигаронӣ карданд. Онҳо мегӯянд, бинобар адами матбуоти озод ва ҳизбии худ аз имкони муаррифии хеш дар интихоботи раисҷумҳури Тоҷикистон маҳрум ҳастанд. Кароматулло Олимов, мушовири раисҷумҳури Тоҷикистон ин фикрро бо ишора ба қонуни интихоботи раиси ҷумҳурӣ носаҳеҳ хонд.
Фарҳоди Милод, Душанбе
XS
SM
MD
LG