Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эъломи рӯзи оғози моҳи Рамазон дар Тоҷикистон


Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон бо қарори худ тақвими моҳи шарифи рамазонро барои соли 2006 муайян намуд. Мувофиқи тақвими Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон 24 сентябри соли равон рӯзи шурӯъи моҳи рамазон дар саросари ин кишвар таъйин шудааст.


Ҳамдуллоҳи Раҳимзода - сархатиби масҷиди ҷомеъи марказии шаҳри Душанбе дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, қарори Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон дар бораи таъйини рӯзи нахусти моҳи рамазон ба тамоми масҷидҳои ҷомеъи кишвар фиристода шудааст.


Дар ҳоле, ки Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон тақвими худро ба унвони танҳо тақвим барои тамоми навоҳии кишвар муаррифӣ мекунад, Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон тақвими хосси худро барои моҳи рамазон таҳия карда ва ахиран онро дар нашрияи «Наҷот» ба табъ расонидааст.


Тақвими Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон замони дамидани субҳи содиқи рӯзи аввали рамазонро баробар бо соати чаҳору бисту ҳашт дақиқа донистааст. Дар ҳоле ки тақвими Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ин замонро соати чаҳору панҷоҳу шаш дақиқа унвон мекунад. Миёни ин ду тақвим ҳамчунин дар мавриди вақти намозҳои моҳи рамазон ва замони ифтор (рӯзакушоӣ) низ тафовутҳое ба назар мерасад.


Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон ҳамчунин бо тасмими худ ҳадди нисоби закот ва маблағи садақаи фитрро барои давраи моҳи рамазони имсол таъйин кардааст. Бино бар он, меъёри ибтидоии маблағи закот барои ҳар нафар мусалмони дорои даромади беш аз панҷ ҳазор сомонӣ 125 сомонӣ таъйин шудааст. Меъёри шаръии садақаи фитр тибқи тасмими Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон як килограм гандум ва ё як сомонӣ мушаххас гардидааст.
XS
SM
MD
LG