Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзбонони тоҷик иддаои ҳамтоёни узбаки худро рад карданд


Марзбонони Тоҷикистон иддаъои ҳамтоёни узбаки худ мабнӣ бар нигаҳдории ду шаҳрванди Узбакистон, аз ҷумла як сарбоз дар боздоштро такзиб кардаанд.


Сафаралӣ Сайфуллоев, аз мақомоти баландпояи Кумитаи давлатии марзбонии Тоҷикистон ба бахши тоҷикии Озодӣ гуфт, ки ду шаҳрванди Узбакистон рӯзи панҷшанбе (21 сентябр) озод ва ба кишварашон бозпас фиристода шуданд. Оқои Сайфуллоев гуфт:


"Пас аз як нишасти дутарафа онҳо дирӯз ба мақомоти Узбакистон таҳвил дода шуданд. Онҳо ба хотири фаъолият дар он бахш аз сарзамини Тоҷикистон боздошт шуда буданд, ки ҳанӯз тибқи як қарордоди миёни ду кишвар аломатгузории марзӣ нашудааст. Дар марзи миёни ду кишвар минтақаҳои зиёде ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст."


Рӯзи панҷшанбе як сомонаи интернетии рӯ ба давлати Узбакистон бо истинод ба Кумитаи марзбонии Узбакистон гузориш дод, ки як сарбоз ва як шаҳрванди ғайринизомии Узбакистон рӯзи сешанбе аз сӯи мақомоти Тоҷикистон боздошт шуданд ва то кунун дар боздошт ба сар мебаранд.


Тоҷикистону Узбакистон пайваста якдигарро ба нақзи муқаррароти марзӣ муттаҳам мекунанд.
Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG