Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шашумин солгарди қатли Искандари Хатлонӣ


Ёде аз дӯсту ҳамкори аздастрафта 22 сентябр шашумин солрӯзи қатли фаҷеъи Искандари Хатлонӣ - шоир ва рӯзноманигори маҳбубу саршиноси тоҷик дар Маскав аст.

Искандари Хатлонӣ, шоири тозагӯ ва хабарнигоре хушқалам, ки барои бахши тоҷикии Озодӣ ва пеш аз он барои бахши форсии Би Би Си гузориш медод, рӯзи 22 сентябри соли 2000 дар манзилаш дар Маскав ба тарзи фаҷеъе ба қатл расид. Аммо шеъри зебо, баёни оҳангин ва форсии тоҷикии хушоянду дурусти Искандар ҳамчунон дар хотираҳо зинда аст.

Вай, ки соли 1954 дар минтақаи Кӯлоби Тоҷикистон ба дунё омада буд, бо амри сарнавишт барои солиёни дарозе дар Русия ба сар бурд, дар Маскав кушта шуд ва акнун пайкараш дар зодгоҳаш орамидааст.

Розу рамзи шуми қатли шодравон Искандар пӯшида монд ва парвандаи қатли вай ду сол баъд аз ҳодиса баста шуд ва то кунун дақиқан намедонем, ки чӣ касе ва чаро боғи адаби Тоҷикистонро аз як дарахти тунӯманд маҳрум сохт. Шоире, ки суруда буд:

Худоё, беватан мемирам охир,
Ва бегӯру кафан мемирам охир.
Агарчи ваҳдати ҷону танам ҳаст,
Парешонҷону тан мемирам охир.


Равонаш шод бод!

Сафҳаи вижаи Озодӣ дар бораи Искандари Хатлонӣ
XS
SM
MD
LG