Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳом ба кормандони гумруки Панҷакент


Панҷакент

Раиси шаҳри Панҷакент дар як ҷаласаи ахири ҳукумат кормандони идораи гумруки ноҳияро ба фасодкорӣ ва ришваситонӣ дар гузаргоҳи сарҳадӣ муттаҳам кард. Шакарбек Самадов гуфт, ҳангоми убураш аз гузаргоҳи марзии Ҷартеппа шоҳиди он шудааст, ки кормандони гумрук аз нафароне, ки аз Ӯзбакистон арӯс меовардаанд таври иҷборӣ ришва меситониданд.


Раиси ноҳия ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин қазияро фавран баррасӣ карда, аз натоиҷи он ба ҳукумат гузориш диҳанд. Саъдулло Боялиев - сардори идораи гумруки ноҳияи Панҷакент ба Радиои Озодӣ гуфт, ин иддаъои раиси шаҳр ҳамаҷониба баррасӣ мешавад ва дар ҳолати тасдиқи гуфтаҳои ӯ афроде, ки ҳамон рӯз дар посгоҳи гумрукии марзи миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон навбатдорӣ мекарданд, ба ҷазо кашида хоҳанд шуд.


Дар ҳамин ҳол яке аз тоҷирзанони ноҳия, ки ба интиқоли маводи гуногун аз ҳар ду ҷониб машғул будааст, гуфтаҳои раиси шаҳрро тасдиқ карда афзуд, кормандони идораи гумрук аз онҳо ҳангоми интиқоли молу коло пайваста ришва меситонанд ва агар тоҷирон аз пардохтани ришва саркашӣ кунанд, соатҳо онҳоро нигаҳ медоштаанд:

"Гумруки Ӯзбакистонро як бало карда мегузарем, аммо дар гумруки худамон бисёр азоб медиҳанд."


Моҳи марти соли ҷорӣ 50 тан аз тоҷирзанони бозори марказии шаҳри Панҷакент ба нишони эътироз ба гуфтаи онҳо аз беадолатӣ, фасодкорӣ ва ришвахории кормандони идораи гумрук, ки дар марзи Ӯзбакистону Тоҷикистон фаъолият доранд, дар назди ҳукумати ноҳия даст ба тазоҳурот заданд. Ин бонувон мегӯянд, агарчӣ ҳукуматдорон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба онҳо ваъда доданд, ки ин қазияро баррасӣ мекунанд, аммо то кунун посухе дар ин бора ба тоҷирзанон нарасидааст.
Шоҳини Равшан, Панҷакент
XS
SM
MD
LG