Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзадҳо, тахминҳо, назарҳо.... Интихобот - 2006


Нашрияи «Миллат» аз муаррифии панҷ номзади ҳизбҳои кишоварзӣ, ду ҷиноҳи ҳизби сотсиалист, ислоҳоти иқтисодӣ ва ҷиноҳи «Ватан»-и ҳизби демократ ба интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон хабар ва дар мавриди ин номзадҳо маълумоти мухтасар додааст. Вале рӯзнома менависад: «...ду ҳизби дигари Тоҷикистон то кунун расмият наёфтаанд, ба шумули ҲДТ ҷиноҳи Собиров ва ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон ҷиноҳи Нарзиев, ки низ ташкили анҷуман доданд ва номзадҳои худро барои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ муаррифӣ карданд».

Дар ҳамин ҳол, нашрияи «Азия - Плюс» номзадҳои муаррификардаи аҳзоби сиёсӣ ба интихоботи раёсати ҷумҳуриро дар муқобили номзади эҳтимолии ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон рақибони заъиф унвон кардааст. Ва бо истинод ба назари коршиносон муаллифи матлаб менависад, номзадҳои муаррифишудаи ин аҳзоби сиёсӣ ба хотири пирӯзӣ дар интихобот ширкат нахоҳанд кард, балки кӯшиши ҳамчун чеҳраи сиёсӣ муаррифӣ кардан доранд. Ва тахмин мезанад, ки дар мавриди муаррифии номзади ҳизби наҳзати исломии тоҷикистон ҳанӯз як бозии сиёсӣ ниҳон аст. Вале мегӯяд дар мавриди демократҳо чизи мушаххасе маълум нест.

Вале ҳафтаномаи «Адолат», нашрияи ҳизби демократии Тоҷикистон хабаре нашр карда ва иттилоъ додааст, созмони ҳизби демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва бахши ин ҳизб дар вилояти Суғд тасмим гирифтаанд, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат накунанд. Ва дар хабар ҳамчунин масъулини ҳизби демократ гуфтаанд, тасмимоти ду бахши ин ҳизб мабнӣ ба адами ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳуриро мавқеи ниҳоии ҳизб намеҳисобад.

Ин дар ҳолест, ки нашрияи «Вақт» дар робита ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бо Давлат Усмон, номзадим алтернативии интихоботи гузаштаи президентии Тоҷикистон сӯҳбатеро анҷом додааст. Оқои Усмон дар посух ба суоли тавофути интихоботи соли 19 99 аз интихоботи қарибулвуқуи соли ҷорӣ дар чист, гуфтааст, фарқи аслӣ дар вазъи сиёсии кишвар мебошад. Ба гуфтаи ӯ феълан вазъи сиёсӣ ором ва матбуот нисбатан озод аст. Ва ҳамчунин зикр кардааст, ки агар дар интихоботи гузаштаи раёсати ҷумҳурӣ ду нафар рақобат карда бошанд, мутмаинам дар ин интихобот ҳадди ақал се -чаҳор нафар миёни ҳам барои курсии президентӣ мубориза хоҳанд кард.

Ва ба дунболи ин ҳафтаномаи «Наҷот», нашрияи ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон хабар додааст, ки номзади эҳтимолӣ аз ҳизби халқи демократии Тоҷикистон ва президенти феълӣ Эмомалӣ Раҳмонов, ҳанӯз ширкати худ дар интихоботи раёсати ҷумҳуриро мушаххас накардааст. Нашрия менависад: «»Ба гуфтаи президенти кишвар имрӯз дар Тоҷикистон ҷавонони зиёде ҳастанд, ки метавонанд дар интихобот ширкат кунанд».

Вале нашрияи «Азия плюс» дар матлабе унвонии «Ихтиёриён ба пеш», аз ҷалби донишҷӯёни донишкадаву донишгоҳҳои вилоятҳои Хатлону Суғд ба ҷамъоварии пунба хабар додааст. Ҳафтанома навиштаст, ин дар ҳолест, ки ин амали масъулини макотиб хилофи дастури раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва қарори вазорати маорифи кишвар дар мавриди ҷалб накардани донишҷӯён ва толибилмон мебошад. Вазорати маориф дар шурӯъи соли нави таҳсил хабаре пахш карда буд, ки соли ҷорӣ бо манзури ин дастури раёсати ҷумҳурӣ ва қарори вазорат ба ҷамъоварии пунба ҷалб нахоҳанд шуд. Вале вазири маориф ҷалб шудани донишҷӯёни ин ду вилоят ба ҷамъоварии пунбаро таъйид карда ва изҳор доштааст, ки онҳо бо хоҳиши худ ба хотири кӯмак ба кишоварзон ба кори саҳро ҷалб шудаанд.

Ва нашрияи «Зиндагӣ» вокуниши сокинони Тоҷикистон дар муқобили суханони Попи Рум Бенедикти 16, ки ӯ дар суханрониаш нисбат ба ҳазрати Муҳаммад (с) изҳор доштааст, ки ӯ дини исломро бо қувваи ҷабру зулм ҷорӣ кардааст, ба нашр расонидааст. Ва ақидаи бештарини пурсидашудагон раҳбари католикҳои ҷаҳон барои зикри чунин иштибоҳ сазовори маҳкумият аст, зеро инчунин иштибоҳот метавонанд ихтилофҳои мазҳабиву динӣ дар саросари ҷаҳонро ба бор биёрад. Ва дар зимн нашрияи бо истинод ба хабари оҷонсии «Рейтерс» менависад, ки Попи Рум аз ҷаҳони ислом барои ин суханони худ маъзарат хост.
XS
SM
MD
LG