Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гирифториҳои муҳоҷирони кишоварзи тоҷик


Зафар ном ҷавони колхозободӣ 5 гектар замин дорад ва аз ҳар гектар то 40 тонна помидор мегирад. Сайдаҳмад Маҳмадов, ки низ аз Колхозобод аст, 70 гектар замин дорад ва асосан помидор, боимҷон ва қаламфури булғорӣ мекорад.


Наталя Зотова мегӯяд: «Ман дар сари замини Сайдаҳмад будам, Дар заминҳои Сайдаҳмад тоҷикон ва узбакҳо бар асоси қарордоди расмӣ кор мекунанд ва то 7 ҳазор рубл моҳона мегиранд. Коргарон дар кулбаҳои мувақатии худсохт зиндагӣ мекунанд. Аммо гурӯҳи дигари муҳоҷирони тоҷик, ки бо роҳхати вазорати кори Тоҷикистон омадаанд, дар бинои бозмонда аз замони лагерҳои кории тобистонаи шӯравӣ зиндагӣ мекунанд. Ин бино моли Тоҷикистон аст ва тамоми имконоти як хобгоҳи замонавиро дорад. Ба ин гурӯҳ, ки дар заминҳои пиёзпарварон кор мекунанд, намояндаи вазорати кори Тоҷикистон Исматов раҳбарӣ мекунад.»


Як бахши муҳоҷирони Тоҷикистон дар сохтмонҳо кор мекунанд. Ҳам дар Аштархон ва ҳам дар Волгоград созмони иҷтимоъии тоҷикон фаъол аст ва то ҷое, ки имкон доранд, ба ҳамватанони худ кӯмак мекунад, вале дар маҷмӯъ тамомии муҳоҷирон ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ ҳастанд, мегӯяд Наталя Зотова.


Вай тавзеҳ кард, ки дар минтақа заминдорони асли тоторҳо, куриёиҳо ва русҳо ҳастанд. Онҳо дар ҳамдастӣ бо пулис муҳоҷиронро ба асорат мебаранд ва ройгон кор мефармоянд. «Пулис як ҷавони рустабори хуҷандиро ба ғуломӣ фурӯхт ва ӯ бо мушкили зиёд озод карда шуд. Теъдоди ғуломон дар киштзорҳои ҷануби Русия хеле зиёд аст» мегӯяд муаллифи гузориш ва меафзояд, мушкили дигар омаду баргашти муҳоҷирон аст:


«Дар вокзал муҳоҷир ба мафиёи золими иборат аз гумрук ва пулис рубарӯст. Ҳам вақти омадан ва ҳам замони бозгашт муҳоҷир бояд ба гумрук, ба марзбон ва пулиси истгоҳи роҳи оҳан то ҳаштсад рубл бидиҳад. Агар надиҳад, ё ба ғуломӣ меравад ва ё аз қатор мемонад. Муҳоҷиронро ҳатто ҳамвтанони худашон - коргарони қаторҳо ҳам ғорат мекунанд.»


Гурӯҳи таҳқиқотии Пажӯҳишгоҳи мардумшиносии Русия моҳи май соли равон дар бораи вазъи зиндагии муҳоҷирони тоҷик дар Маскав ва Самара гузориш интишор карда буд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG