Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мизи гирдҳои сиёсӣ дар Кӯлоб


Дар минтақаи Кӯлоб силсилаи мизи гирдҳо бо ширкати намояндагони ҳукумат, аҳзоби сиёсӣ ва комиссияҳои ҳавзавии интихобот баргузор хоҳад шуд. Додарбек Сайдалиев, раиси Маркази ҷомиаи шаҳрвандии «Шаҳрванд», созмондиҳандаи ин мизи гирдҳо ба радиои Озодӣ гуфт, ҳадаф - фаъолгардонии табақаҳои мухталифи ҷомиаи минтақа ҳангоми маъракаи пеш аз интихоботии президенти Тоҷикистон ва баланд бардоштани ҳусни тафоҳум миёни нирӯҳои сиёсӣ мебошад.


Аслиддини Олиназар, коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, дар минтақаи Кӯлоб ба ҷуз аз ҳизбҳои халқӣ-демократӣ ва наҳзати исломӣ дигар аҳзоб муаррифӣ нашудаанд. Ӯ гуфт, дар минтақаи Кӯлоб мизи гирдҳо ва чорабиниҳо пеш аз интихобот боиси бештар фаъол шудани мардум мегардад. Мизи гирдҳо дар минтақаи Кӯлоб то аввали моҳи октябр давом мекунанд.
Фарҳоди Милод, Душанбе
XS
SM
MD
LG