Пайвандҳои дастрасӣ

Сарнавишти тираи ҳазорон донишҷӯи тоҷик


Баҳси боздоштани фаъолияти ин донишгоҳу донишкадаҳо ҳанӯз 2 моҳ қабл, баъд аз натичагирии кори кумиссиюни махсус, оид ба муайян кардани мақоми донишгоҳҳо ва ошкор шудани як қатор норасоиҳо дар ин донишгоҳҳо ба миён омада буд.


Он замон мақомот танҳо қабули довталабонро ба ин донишгоҳҳо манъ карданд ва иҷоза доданд, то донишҷӯён ин донишгоҳҳоро хатм кунанд. Аммо донишҷӯён аз ин имкон маҳрум шудаанд ва бастани донишгоҳҳо сабаб шуд, ки теъдоде аз волидони донишҷӯёни акнун бе донишгоҳ, дар назди вазорати маориф ҷамъ омада, норизоиятии хешро баён кунанд.


Яке аз онҳо мегӯяд:

"Панҷ сол боз амал кард, акнун ин масъаларо баровардан, то имрӯз онҳо ба куҷо нигоҳ мекарданд. Акнун мо ҳамаи ҳаминро ҳам аз вазир ва ҳам аз раҳбарияти донишгоҳ мушаххас карда, шунидан мехоҳем."


Модари яке аз донишҷӯи дигар мегӯяд:


«Аз ҳама муҳим он ки мо волидонро танҳо аз аввали соли хониш огоҳ карданд, мо ҳеч чиз намедонистем дар ин бора, агар онҳо моро барвақттар огоҳ мекарданд, шояд мо аз пайи ягон фикри дигар мешудем, ва ба ягон донишгоҳи дигар мебурдем фарзандонро.»


Зафар Ҷӯраев - донишҷӯи Донишгоҳи муосири Русияву Тоҷикистон, ки ҳамроҳи 4 ҳазор донишҷӯи дигар аз таҳсил дар донишгоҳи интихобкардааш маҳрум шуд аз басташавии донишгоҳ таассуф мехӯрад ва қарори вазири маорифиро ғалат мешуморад:


"Қарори вазири маориф, то андозае қувваи қонунӣ надорад."


Алишер Ҷӯраев - муовини раиси Донишгоҳи муосири Русияву Тоҷикистон мегӯяд, вазорати маориф, иллати аслии манъи фаъолияти донишгоҳро мувофиқ ба қонунгузориҳои Тоҷикистон набудани ҳуҷҷатгузорӣ ва шароити номувофиқи моддиву техникӣ арзёбӣ кардааст.

Аммо мегӯяд вай, садорати донишгоҳ бо ин хулоса ва қарори вазорати омӯзишу парвариш розӣ нестанд:

"Норасогие, ки ба мо нишон доданд, ба назари мо чандон назаррас нест ва онҳоро дар муддати кӯтоҳ бартараф кардан мумкин буд. Вазъи моддӣ техникии донишгоҳи моро баҳона карданд, аммо вазъи моддиву техникии донишгоҳи мо назар ба вазъи дигар донишгоҳҳо хубтар аст, ки бадтар не. Умуман вазорати маориф ҳаққи манъ кардани фаъолияти донишгоҳҳои ғайридавлатиро надоштааст."


Аммо Домулло - падари як донишҷӯи Донишгоҳи муосири Русияву Тоҷикистон иллати аслии басташавии донишгоҳҳои ғайридавлатиро маҳз дар афзалияти онҳо ва нотавонии донишгоҳҳои давлатӣ барои рақобат бо ин донишгоҳҳо мебинад:


"Дар ин ҷо рақобати нодуруст рафта истодааст. Рақобати мактабҳои олии давлатӣ бо мактабҳои олии хусусӣ. Ин мактаби олие, ки мо фарзандамонро супурдем аз ҷиҳати моддиву техникӣ ба тақозои асри XXI мувофиқ аст, аммо вазъи макотиби олии давлатии Тоҷикистон худро ба ин дараҷа мутобиқ карда наметавонанд ва довталабони оянда ба ин донишгоҳҳо меоянд ва бозори донишгоҳҳои олии давлатиро касод мекунанд."


Вазорати маориф мегӯяд, донишҷуёни донишгоҳҳои басташуда аз таҳсил дур намемонанд ва дар дигар донишгоҳҳои давлатӣ ва донишгоҳи славянии Точикистону Руссия бо таҳсил фаро гирифта мешаванд. Донишҷӯёне, ки вазорат ба онҳо ваъдаи идомаи таҳсилашонро додааст, аз он ибрози нигаронӣ мекунанд, ки дар донишгоҳҳои нав онҳоро чандон ба хубӣ истиқбол нахоҳанд кард ва чанд сол таҳсили онҳо барбод хоҳад рафт.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG