Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои Созмони Милал барои кӯмак ба Тоҷикистон


Созмони Миллали Муттаҳид аз кишварҳои донор як миллион доллар тақозо кардааст, то тайи шаш моҳи оянда ба 21 ҳазор осебдидаи заминларзаи моҳи июл, ки дар Тоҷикистон 2600 хонаро хароб карда, даҳҳо нафарро бесарпаноҳ гузошт, кӯмак расонад.


Муассисаи ҳамоҳангсози кӯмакҳои башарии Созмони Милал OCHA гуфт, нигаронии он вуҷуд дорад, ки 500 манзили комилан вайроншуда то фаро расидани фасли сарди зимистон бунёд нахоҳанд шуд. Ва агар то он замон хонаҳо барқарор карда нашаванд, соҳибони онон гирифтори мушкилоти фаровоне хоҳанд дошт. OCHA дар баёнияи расмии худ дар рӯзи 20 гуфт, сабаби тақози кӯмак аз ҷомеаи донор ҳамин будааст.


Бо вуҷуди он ки ҳукумат ба эҳёи хонаҳои вайроншуда шурӯъ кардааст, аммо ҷараёни барқарорсозии онҳо бисёр ба кундӣ пеш меравад.


Муассисаи ҳамоҳангсози кӯмакҳои башарии Созмони Милал мехоҳад то 500 хайма ва барои барқарорсозии 200 хона масолеҳ пайдо кунад. Дар сурати пайдо кардани маблағи тақозошуда Созмони Милал ҳамчунин ба 7 ҳазор муҳассилини 9 мактаби зиёндида дар ноҳия Қумсангир кӯмак хоҳад кард, ки ба гуфтаи OCHA барои таҳсил амн нестанд ва таҷҳизоту китобҳои заруриро надоранд.


Агарчӣ ҳукумати Тоҷикистон аҳд додааст, ки ду мактабро таъмир хоҳад кард, аммо барои тармими ҳафт мактаби дигар сармояи кофӣ надоштааст. Бар асари заминларзаи рӯзи 29 июл дар ноҳияи Қумсангир се тифл зери харобаҳо монда ҷон доданд ва 19 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.
XS
SM
MD
LG