Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози маъракаҳои интихобот дар Тоҷикистон


Гуфтумони аҳли назар дар сари мизи мудаввари Озодӣ Оё пешбарии номзадҳо дар интихоботи президентии Тоҷикистон дар чӣ фазое ҷараён мегирад? Оё дар як моҳи оянда номзади ногаҳонӣ ва қавие ба саҳна хоҳад омад? Афкори ҳоким ва одатҳои нави ҳамдусанохонӣ чӣ пайомадҳое дошта метавонанд?

Баррасии ин саволҳо дар баҳси кордонон дар студияи Бахши тоҷикии радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе.

Ширкаткунандагон:

-- Ашӯрбой Имомов, раиси Кумитаи ҷамъиятии мусоидат ба равандҳои демократӣ ва устоди илми ҳуқуқ.
-- Абдулло Қодирӣ, сиёсатшинос, корманди Маркази пажӯҳишоти стратегии вобаста ба раёсатҷумҳурии Тоҷикистон.
-- Зарафо Раҳмонӣ, коршинос, собиқ номзад аз ҲНИТ дар интихобот порлумонии соли гузашта.
-- Сайидаҳмад Қаландаров, раҳбари маркази ахбору таҳлили "Сипеҳр".
-- Сайидмуҳиддин Дӯстов, раиси Маркази информатика барои демократия ва рушди миллӣ.
-- Додоҷони Атовулло, сардабири нашрияи мустақили Чароғи рӯз (ба воситаи телефон аз Маскав).

Муҷрии барнома Салими Аюбзод (Прага).

Он баҳси тезутунд инҷост
XS
SM
MD
LG