Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳосираи иртибототии хонаводаи хабарнигори фақиди Озодӣ дар Туркманистон


Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар мустақар дар Нйу Йорк гуфтааст, ки мақомоти Туркманистон бар хешовандони Уғулсафар Муродова, хабарнигори фақиди бахши туркмании родю Озодӣ муҳосираи иртибототӣ эъмол кардаанд.


Эрика Дейли, пажӯҳишгари Дидбони Ҳуқуқи Башар ба Озодӣ гуфт, ки давлати Туркманистон иртиботи хонадони бузурги бону Муродова дар ҳаволии Ишқобод бо ҷаҳони хориҷро қатъ кардааст.


Уғулсафар Муродова, ки ба шаш сол зиндон маҳкаум шуда буд, ҳафтаи гузашта дар зиндон даргузашт. Мудофеъони ҳуқуқи башар иттиҳомоти мараҳшуда алайҳи Муродоваро ҷаълӣ унвон карданд.
XS
SM
MD
LG