Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё Озарбойҷон гирифтори "бемории ҳуландӣ" мешавад?


Озодӣ фишурдаи матлаби Роберт Парсон Рӯзи 20 сентябри 1994 дар хилоли пешбиниҳои хушбинона дар бораи сарвати миллии рӯ ба издиёди Озарбойҷон ин кишвар нахустин қарордоди нафтии умдаи худро бо як ширкати ғарбӣ имзо кард. Аммо 12 сол баъд аз он занги изтироб ба садо дармеояд, ки шояд Озарбойҷони саршор аз манобеъи энержӣ дар ҳоли ибтило ба "бемории ҳуландӣ" аст.

"Бемории ҳуландӣ" истилоҳест, ки барои тасвири ҳолати суқути мизони тавлидоти Ҳуланд дар даҳаи 1960 ба кор меравад. Уфти тавлидот дар Ҳуланд дар паи кашфи гози табиъӣ дар обҳои сарзаминии он кишвар иттифоқ уфтод. Коршиносон мегӯянд, ки ибтило ба ин "беморӣ" бар асари такяи беш аз ҳад рӯи як бахши иқтисод, ба монанди нафт, сурат мегирад.

Ҳафтаи гузашта Сандуқи Байнулмилалии Пул ҳушдор дод, ки иқтисоди Озарбойҷон зери фишори шадид қарор дорад ва бархе бар ин назаранд, ки ин нишонаҳои ҳамон "беморӣ" аст.

Аммо чи ишколе дар иқтисоди Озарбойҷон вуҷуд дорад? Ба назар мерасад бо нафте, ки аз тариқи лӯлаи чандин милёрд дулории Боку-Тифлис-Ҷайҳон мунтақил мешавад ва қарор аст ба зудӣ ба лӯлаи Боку-Тифлис-Арзирум ҳам бирезад, Озарбойҷон дар остонаи дастёбӣ ба сарвати фаровоне қарор дорад.

Илҳом Алиев, раисиҷумҳурии Озарбойҷон, мегӯяд, ки интизор дорад аз ин лӯлаҳои нафт тайи 20 соли оянда ҳудуди 140 милёрд дулор суд ҳосил шавад. Ҳатто агар нархи манобеъи энержӣ аз мизони осмонбӯси кунунӣ ба шиддат суқут кунад, боз ҳам суди ҳосил аз он камназир хоҳад буд.

Аммо Сандуқи Байнулмилалии Пул ахиран аз вазъияти иқтисодии Озарбойҷон арзёбии манфӣ кард. Виталий Крамаренко, як иқтисоддони аршади Идораи Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ дар ин муассисаи молӣ ҳушдор дод, ки иқтисоди Озарбойҷон дар маърази хатари барафрӯхтан қарор дорад:

"Мушкил ин ҷост, ки давлати Озарбойҷон дар ҳоли афзоиши шадиди масорифи худ аст. Дар нимаи нахусти соли 2006 ҳаҷми махориҷи давлат нисбат ба нимаи аввали соли 2005 беш аз 70 дарсад афзоиш дошт. Ин маврид метавонад боъиси барафрӯхтани иқтисод шавад, зеро дар ин ҳолат арзаи иқтисод наметавонад посухгӯи тақозои он бошад."

Ва ин ҳолат ба навбаи худ таваррумро дар пай дорад. Оқои Крамаренко дар ин бора мегӯяд:

"Ҳамон гуна ки пешбинӣ шуда буд, мизони таваррум аз 5.5 дарсад дар моҳи декабри 2005 ба 10.2 дарсад дар моҳи августи 2006 афзоиш ёфт ва акнун пешбинии мо ин аст, ки ин рақам ҳамчунон суъуд хоҳад кард."

Инқилоб Аҳмадов аз Маркази Назорати Молии Ҳамагонӣ бо ин истидлол мувофиқ аст. Вай бар ин бовар аст, ки сарвати ношӣ аз нафт дар ҳоли таҳрики ҳисси хатарноки худхушнудӣ аст ва заминаи борвартареро барои густариши фасоди молӣ фароҳам мекунад. Вай суол мекунад, ки оё ин таҳаввули бузурги иқтисодӣ дар берун аз бахши энержӣ фурсатҳои шуғлӣ ба вуҷуд овардааст ва ҳушдор медиҳад, ки Озарбойҷон дар остонаи ибтило ба "бемории ҳуландӣ" қарор дорад.

"Бемории ҳуландӣ" чизест, ки Лаурент Русекас, коршиноси барҷаста дар заминаи иқтисоди кишварҳои ҳошияи Дарёи Хазар, дар бораи он зиёд омӯхтааст. Вай мегӯяд, нокомӣ дар кунтрули ин ориза ва нокомӣ дар парокандани сарвати бадастомада дар бахшҳои мухталифи иқтисоди Озарбойҷон ба таври мусовӣ метавонад ба кобусе барои иқтисоди ин кишвар бианҷомад.

Аммо давлати Озарбойҷон ин мушкилро он қадр ҷиддӣ намедонад. Ба гуфтаи мақомоти ин кишвар, рӯбарӯӣ бо ин мушкилот шигифтангез нест, зеро акнун даромади ҳосил аз содироти нафту гоз дар ҳоли афзоиши шадид аст. Онҳо муътақиданд, ки иқтисоди кишварашон якбуъдӣ ё дорои танҳо як шоха нест, балки ба эътиқоди онҳо, давлат дар ҳоли иҷрои чораҳое барои тазмини шаффофияти бахши энержӣ ва коҳиши хатари таваррум аст. Мақомоти Боку иҷоди Бунёди Давлатии Нафтӣ (SOFAR) дар соли 2001-ро намуна меоранд, ки бахше аз баҳраи худро барои сармоягузориҳои дарозмуддат дар тарҳҳои зербиноӣ ва пружаҳо дар бахши беҳзистии иҷтимоъӣ канор мегузорад.

Инқилоб Аҳмадов аз наҳваи кори Бунёди Давлатии Нафтӣ истиқбол мекунад, аммо мегӯяд, ки мушкили адами посухгӯӣ дар баробари ҷомеъа иқтисоди кишварро ба чолиш кашидааст. Ба эътиқоди оқои Аҳмадов, ин мушкил шомили ҳоли ҳамаи бахшҳои иқтисоди кишвар мешавад.
XS
SM
MD
LG