Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чаҳорумин изҳори таассуфи Вотикон


утоқи хабари Озодӣ Поп Бенедикт, раҳбари котуликҳои ҷаҳон, бори дигар дар мавриди изҳороташ бо истинод ба як импротури қуруни вустоии Бизонс (Византия), ки исломро сарзаниш карда буд, изҳори таассуф кардааст. Раҳбари калисои котулики румӣ рӯзи чаҳоршанбе (20 сентябр) ба зоирони ҷамъомада дар майдони Петри Муқаддаси Рум гуфт, ки ҳаргиз қасди интиқод аз исломро надошта, балки мехостааст гуфтугӯ байни ду кеши масеҳият ва исломро тарвиҷ кунад.

Поп Бенедикт бо истифода аз суханронии ҳафтагиаш ба кеши ислом изҳори "эҳтироми амиқ" кард. Ин чаҳорумин изҳори таассуфи Вотикон аз изҳороти ҳафтаи гузаштаи поп дар Олмон аст.

Мусалмонон дар саросари ҷаҳон аз Поп Бенедикт хостаанд, ки ба хотири истинод ба Мануэли 2 Палаеологус - импротури Бизонс дар қарни 14, ки гуфта буд, паёмбари мусалмонон ба ҷаҳон бадию шарорат оварда ва "ойинашро бо шамшер густардааст", сароҳатан пӯзиш бихоҳад. Раҳбари котуликҳои ҷаҳон, ки ба забони итолиёӣ бо зоирон дар Вотикон суҳбат мекард, бори дигар гуфт, ки изҳороти ҳафтаи гузаштаи вай "сӯъитаъбир шудааст":

"Шӯрбахтона, ин нақли қавл қобили сӯъитабир шудан буд. Аммо агар матни суханронии ман бо диққат хонда шавад, ин нукта равшан хоҳад шуд, ки ман ба ҳич рӯй намехостам суханони манфии як импротури қуруни вусторо аз худ кунам ва мазмуни муҷодилаомези он гуфтаҳо бовари маро бозтоб намедиҳад."

Раҳбари 79-солаи як милёрд котулики ҷаҳон гуфт, ки баръакс, манзури вай аз суханрониаш дар Донишгоҳи Регенсбурги Олмон рӯзи 12 сентябр ташвиқи мардум ба гуфтугӯи миёни мазҳабҳо буд:

"Нияти ман бисёр мутафовит буд. Ман изҳоротамро бо суханоне аз Мануэли 2 оғоз карда будам, ки пас аз ироди суханони интиқодомезаш аз ислом гуфта буд. Суханоне мусбат ва зебо дар бораи он ки чи гуна ақлоният бояд роҳнамои густариши дин бошад. Ман мехостам бад-ин гуна тавзеҳ диҳам, ки дин ва хушунат тавъам нестанд, аммо дин ва хирад бо ҳам аст."

Поп изҳори умедворӣ кард, ки ҳангомаи мутаъоқиби изҳороташ барпоии "як гуфтугӯи мусбатеро миёни мазҳабҳо ва ҳамчунин миёни хиради муъосир ва кеши масеҳиятро ташвиқ кунад, ки ҳатто ҳар кадом қодир бошад ба худаш бо диди интиқодомез нигоҳ кунад."

Поп Бенедикти 16 рӯзи якшанбе (17 сентябр) гуфт, ки дар мавриди вокуниш ба изҳороташ "амиқан мутаассиф" аст ва ин ки суханони импротури Бизонс баёнгари дидгоҳи ӯ набудааст. Дафтари матбуъотӣ ва вазири хориҷаи Вотикон низ баёнияҳое бо изҳори таассуф аз суханони раҳбари котуликҳо мунташир карданд.
XS
SM
MD
LG