Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲДТ ва ҲСДТ ба Кумисиюни Марказии Интихобот 'бовар надоранд'


Ҳизби Демократ ва Ҳизби Сосиал-Демократ - ду ҳизби сиёсии мухолифи давлати Тоҷикистон бо пахши як баёнияи муштарак Кумисиюни Марказии Интихобот (КМИ)-и кишварро ба нақзи қонун ва сӯиистифода аз ваколат муттаҳам карда ва нисбат ба он эъломи нобоварӣ кардаанд.


Дар баёнияи муштараки демократҳо ва сосиал-демократҳои Тоҷикистон, Кумисиюни Марказии Интихобот ва Раъйпурсӣ ба он муттаҳам мешавад, ки дар кори ташкили кумисиюнҳои ҳавзаӣ хилофи қонун рафтор кардааст.


Раҳматулло Зойиров - раиси Ҳизби Сосиал-Демократи Тоҷикистон ба «Озодӣ» гуфт, Кумисиюни Марказии Интихобот як ҳафта қабл аз муҳлати пешбиникардаи қонуни интихобот ҳайъати кумисиюнҳои ҳавзаиро таъйин карда ва бо ин кори худ имкони ширкати ин ду ҳизб дар кумисиюнҳои ҳавзаиро ба сифр баробар кардааст.


Ин дар ҳолест, ки Муҳибулло Додоҷонов - раҳбари дафтари КМИ иттиҳомоти аҳзоби демократ ва сосиал- демократ дар мавриди ташкили кумисиюнҳои ҳавзаиро бепоя хонда ва гуфт, таъкиди на дертар аз 45 рӯз то баргузории интихобот дар қонуни интихобот ишора ба муҳлати ниҳоии пешниҳоди аъзо барои кумисиюнҳои ҳавзаӣ аз сӯи созмонҳои сиёсии кишвар аст. Ва Кумисиюни Марказии Интихобот ин ҳақро дорад, ки то муҳлати муқарраркардаи қонун кумисиюнҳои ҳавзаиро таъсис бидиҳад.


Раиси дафтари Кумисиюни Марказии Интихоботи Тоҷикистон таъкид кард, ки ҳайъати кумисиюнҳои ҳавзаӣ то ба охир муъайян нашудааст ва аҳзоби сиёсии норозӣ аз ҳайъати он метавонанд, то рӯзи 22 сентябр феҳрести номҳои афроди худ барои узвияти ин кумисиюнҳоро пешниҳод кунанд.


Аммо Раҳматулло Зоиров - раҳбари ҲСДТ ба як нуктаи дигари қонуни интихобот ишора кард, ки бино бар он пешниҳоди феҳрести намояндагони аҳзоби сиёсӣ барои узвият дар кумисиюнҳои ҳавзаӣ баъд аз пешбарии номзади ин ҳизб ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ сурат хоҳад гирифт. Вай гуфт, амали КМИ дар мавриди ташкили ҳайъати кумисиюнҳои ҳавзаӣ ғайриқонунӣ будааст.


Кумисиюни Марказии Интихобот ва Раъйпурсии Тоҷикистон дар саросари кишвар 68 кумисиюни ҳавзаӣ таъсис додааст, ки ташкили қитъаҳои райъдиҳӣ ва назорати фаъолияти онҳо ва низ ҷамъбасти натоиҷи интихобот дар навоҳии кишвар аз масъулияти аслии онҳо маҳсуб мешавад.
Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG