Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин изҳороти раҳбари кудетои низомӣ дар Тойланд


Женерол Сонти Боонйаратглин, раҳбари низомии Тойланд, гуфтааст, ки дар зарфи ду ҳафтаи оянда қудратро ба як нахуствазири мансуб таҳвил хоҳад дод ва то як соли оянда ин кишвар ба демукросӣ боз хоҳад гашт.


Вай дар нахустин нишасти хабариаш пас аз қабзаи қудрат аз нахуствазир Таксин Шинаватра дар рӯзи сешанбе (19 сентябр) гуфт, ки подшоҳ Бҳумибол Адулйадеҷ бо кудето иртиботе надорад.


Оқои Сонти гуфт, ки тайи ду ҳафтаи оянда матни қонуни асосии муваққати кишвар тадвин хоҳад шуд. Вай афзуд, ки тайи ҳамин муддат маҷлиси миллии ҷадиди кишвар низ шакл хоҳад гирифт.


Ин дар ҳолест, ки Куфӣ Аннон, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва дигар раҳбарони ҷаҳон кудетои низомӣ дар Тойландро маҳкум карда ва хостори бозгашти ин кишвар ба демукросӣ шудаанд.


Дар паи барканории ҳукумати Таксин Шинаватра, нахуствазири Тойланд, тавассути нирӯҳои низомии он кишвар ва эъмоли қонуни низомӣ дар Тойланд оқои Шинаватра суханронии барномарезишудааш дар Маҷмаъи Умумии Созмони Милалро лағв кард.


Ҳукумати низомии Тойланд мегӯяд, ки ин иқдомро барои ҳаллу фасли ошуфтагии сиёсии кишвар ва ба хотири поён додан ба фасоди роиҷ анҷом додааст.
XS
SM
MD
LG