Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумаки Суэд ба тарҳи Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар Тоҷикистон


DR

Давлати Суэд (Шветсия) тасмим гирифтааст, ки барои марҳилаи ниҳоии тарҳи Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар заминаи силоҳҳои хурд ва сабук ва муҳиммоти ҷангии мутаъориф дар Тоҷикистон 100 000 евро ихтисос диҳад.


Ҳадаф аз иҷрои ин тарҳ аз байн бурдани силоҳҳои хурду сабук ва муҳиммоти ҷангии мутаъориф ва афзоиши мизони эминии нигаҳдорӣ аз силоҳҳост. Ин тарҳ зери назари намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар Душанбе ва бо ҳамкории мақомоти Тоҷикистон пиёда мешавад.


Сарҳанг Клаес Нилссон, намояндаи Суэд дар Ҳамоиши ҳамкории амниятии Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо ҳамоҳангсози тарҳи ин созмон дар заминаи силоҳҳои сабук тайи солҳои 2005 ва 2006 аст. Аз замони оғози тарҳ дар тобистони 2005 то кунун ҳудуди 12 тун аз муҳиммоти ҷангии мутаъориф нобуд шудааст. Маҳви ҳудуди 26 000 қабза силоҳи хурду сабук дар Тоҷикистон моҳи июни 2006 оғоз шуд.
XS
SM
MD
LG