Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Аҳмадинажод аз Шӯрои Амният


Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳурии Эрон зимни як суханронӣ дар Маҷмаъи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз Шӯрои Амнияти СММ интиқод кардааст.


Вай дар изҳороти худ дар шомгоҳи сешанбе (19 сентябр) дар Нйу Йорк Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ва Бритониёро ба "сӯъиистифода" аз Шӯрои Амният барои мумонеъат аз ҳаққи дастрасии Эрон ба фанноварии ҳастаӣ муттаҳам кард.


Оқои Аҳмадинажод гуфт, ки фаъъолиятҳои ҳастаии Эрон "шаффоф" ва "сулҳомез" аст ва таҳти назари бозрасони Созмони Милал қарор дорад. Вай гуфт:


"Ҳамаи фаъъолиятҳои атумии мо ошкор, сулҳомез ва дар маърази диди бозрасони ожонс аст. Чаро бо ҳуқуқи мусарраҳи қонунии мо мухолифат мешавад? Чӣ давлатҳое мухолифат мекунанд? Давлатҳое, ки худ аз чархаи тавлиди сӯхт ва энержии ҳастаӣ истифода мекунанд."


Пештар Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳурии Иёлоти Муттаҳидаи Омрико дар суханронии худ дар Маҷмаъи Умумии Созмони Милал ҳокимони Эронро ба истифода аз манобеъи Эрон барои таъмини молии теруристҳо ва таъқиби барномаи таслиҳоти ҳастаӣ муттаҳам кард.


Оқои Буш дар паёме, ки хитоб ба мардуми Эрон қироат шуд, гуфт, ки давлати Эрон "бузургтарин монеъ" дар миёни онҳо ва ояндаи саршор аз озодиҳо, шукуфоӣ ва равобити гармтар бо Иёлоти Муттаҳидаи Омрикост.
XS
SM
MD
LG