Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози мавсими нави даъват ба хидмати сарбозӣ дар Тоҷикистон


Раисиҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои як фармон дар мавриди мавсими нави даъвати ҷавонон ба хидмати низомӣ дастур додааст. Мувофиқи ин дастур даъвати ҷавонони соли таваллудашон аз 1979 то 1988 дар моҳҳои октябр - ноябри соли равон сурат мегирад.


Сомонаи раёсати ҷумҳурӣ хабар додааст, ки тибқи ин фармон ҷавонон дар суфуфи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, бахшҳои низомии вазорати умури изтирорӣ, Кумитаи марзбонӣ, нерӯҳои вазорати умури дохилӣ, Горди Миллӣ, ҳанг (полк)-и нигаҳбони идораи корҳои ислоҳии вазорати адлияи кишвар хидмат хоҳанд кард.


Тибқи фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон, сарбозон ва афсароне, ки муҳлати муқарраршудаи хидмати низомиро ба анҷом расонидаанд, аз хидмати сарбозӣ маъоф мешаванд. Вазоратҳои дифоъ ва беҳдошти Тоҷикистон муваззаф ба иҷрои муфодди ин фармон шудаанд.
XS
SM
MD
LG