Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

К. Райс: Имкони гуфтушунуд бо Эрон вуҷуд дорад


Кондолиза Райс, вазири хориҷаи Омрико аз дигар аъзои доими Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид хостааст, ки алайҳи Эрон иқдом кунанд ва иҷоза надиҳанд, ки "мизони эътиборашон коҳиш ёбад."


Аммо бону Райс изҳори итминон кард, ки дар сурати сарпечии Эрон аз таълиқи ғанисозии урониюм, вай муваффақ хоҳад шуд Бритониё, Фаронса, Чин ва Русияро ба тасвиби як қатъномаи ҷадиди эъмоли таҳримҳо мутақоъид кунад.


Вазири хориҷаи Омрико ҳамчунин изҳори омодагӣ кард, ки дар сурати таълиқи ғанисозии урониюм тавассути Эрон ба унвони бахше аз бастаи пешниҳодҳои ташвиқкунандаи сиёсӣ ва иқтисодӣ бо мақомоти Эрон дидор кунад.


Кондолиза Райс ин суханонро дар ҷараёни як мусоҳибаи телевизиюнӣ чанд соъат пеш аз суханронии раисони ҷумҳурии Омрико ва Эрон дар Маҷмаъи Умумии Созмони Милал дар Нйу Йорк баён кард.


Жак Ширак, раисиҷумҳурии Фаронса рӯзи душанбе (18 сентябр) гуфт, ки эъмоли таҳримҳо алайҳи Эрон гузинаи қобили давоме нахоҳад буд. Русия ва Чин низ то кунун бо эъмоли таҳримҳо мухолиф мондаанд.
XS
SM
MD
LG