Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии Ҳизби Наҳзати Исломӣ аз якрангии кумисиюнҳои интихоботӣ


Хуҷанд. Бахши суғдии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо теъдоди хеле кам ворид шудани намояндагони аҳзоби мухолифи давлат ба кумисиюнҳои ҳавзаву қитъаҳои интихоботи раёсати ҷумҳуриро як омиле мешуморад, ки баргузории шаффоф ва демукротики интихоботро зери суол хоҳад бурд.

Салоҳиддин Ҳусейнзода - муъовини раиси намояндагии Ҳизби Наҳзат дар вилояти Суғд дар ин маврид чунин мегӯяд:

«Агар ҳамаи ҳизбҳои сиёсии кишвар номзадҳои худро ба узвият дар ҳавза ва қитъаҳои интихоботӣ пешниҳод мекарданд ва интихоби раису муъовин ва дабири кумисиюн дар ҳавзаву қитъаҳо воқеъан ба таври демукротик, бо роҳи раъйдиҳӣ сурат мегирифт ва агар ин мақомҳои интихоботиро аз боло, аз ҷониби ҳукумати иҷроия таъйин намекарданд, он гоҳ мешуд баргузории интихоботи шаффоф ва демукротикро чашмдор буд. Мутаассифона, ман ба ин чиз камтар бовар дорам.»

Нигаронии Ҳизби Наҳзат дар ҳоле садо медиҳад, ки Кумисиюни Марказии Интихоботи Тоҷикистон (КМИ) ахиран эълон дошт, ки дар 68 ҳавзаи кишвар барои узвият дар кумисиюнҳо умдатан намояндагони Ҳизби Халқи Демукрот ва аҳзоби дигари ҷонибдори он пешбарӣ ва сабти ном шудаанд. Аз ҳизбҳои мухолиф танҳо Ҳизби Наҳзати Исломӣ намояндаҳои худро вориди кумисиюнҳои ҳавзаӣ кардааст, масалан, аъзои ин ҳизб дар 16 кумисиюн аз ҷумлаи 18 кумисиюни ҳавзаии Суғд роҳ ёфтаанд. Муҳибулло Додоҷонов - раиси дафтари КМИ дар суҳбати телефонӣ бо Озодӣ гуфт, ки дар баъзе аз ҳавза ва қитъаҳои интихоботии Суғд ҳамчунин намояндаҳои Ҳизби Сусиёл-Демукрот низ ба узвияти кумисиюнҳои интихоботӣ пазируфта шудаанд.

Вале дар мавриди мақомҳои сарварӣ дар кумисиюнҳои интихоботӣ оқои Додоҷонов гуфт, ки баргумории онҳо ба дӯши КМИ вогузор шудааст. Аммо ба гуфтаи вай, бо назардошти ин ки намояндагони ҳама аҳзоби сиёсии кишвар бо теъдоди кам ё беш вориди кумисиюнҳои интихоботӣ шудаанд, имкони баргузидани намояндагон аз ҳама аҳзоб дар мақоми раёсати кумисиюнҳо вуҷуд дорад.
XS
SM
MD
LG