Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозирони САҲУ 'дар ҳоли баррасии авзоъ дар Тоҷикистонанд'


Созмони Анмият ва Ҳамкории Урупо (САҲУ) ҳанӯз тасмим нагирифтааст, ки интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи 6 ноябрро назорат кунад ё на. Урдур Гуннарсдоттир, сухангӯи дафтари ниҳодҳои демукротик ва ҳуқуқи башари вобаста ба ин созмон дар гуфтугӯ бо бахши тоҷикии Озодӣ гуфт, ки коршиносони созмон ҳанӯз дар ҳоли баррасии авзоъ дар Тоҷикистонанд:


"Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо ва дафтари мо ҳудуди ду ҳафта пеш як ҳайъати коршиносонро ба Тоҷикистон фиристоданд, то бибинанд, ки оё ниёзе ба ҳузури онҳо дар интихоботи раёсати ҷумҳурии моҳи ноябр ҳаст ё на. Онҳо акнун дар ҳоли ниҳоӣ кардани гузоришашон ҳастанд ва мо умедворем, ки гузориш то авохири ҳафтаи ҷорӣ ё дар авоили ҳафтаи оянда омода хоҳад шуд. Ин гузориш асосан зарурат ё адами зарурати назорат бар интихоботро тавсия ва дар сурати зарурати назорат шумори нозиронро таъйин хоҳад кард."


Пештар хабаргузории Asia Plus-и Тоҷикистон бо истинод ба Кумисиюни марказии интихобот гузориш дода буд, ки сабти номи ҳамаи нозирони хориҷии интихобот то рӯзи 17 октябр, яъне ду ҳафта пеш аз раъйгирӣ анҷом хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG