Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Маҷористон дархости истеъфоро рад кард


Дар паи тазоҳуроти хушунатомези зиддидавлатии шаби душанбе дар Будопест, пойтахти Маҷористон, ки беш аз сад тан захмӣ ба ҷо гузоштааст, аҳзоби мухолифи давлати Маҷористон (Венгрия) хостори истеъфои Ферентс Ҷйурчанӣ - нахуствазири ин кишвар шудаанд.


Оқои Ҷйурчанӣ ин дархостро рад кард.


Ин аз бадтарин мавориди ошӯби мардумӣ дар Маҷористон аз замони поёни кумунизм дар понздаҳ сол пеш то кунун ба шумор меравад. Ангезаи баргузории тазоҳурот пахши як навори видеуӣ дар шомгоҳи 17 сентябр унвон мешавад, ки дар он оқои Ҷйурчанӣ мегӯяд, ки ӯ ва ҳизби сусиёлисташ барои пирӯзии муҷаддад дар интихоботи моҳи апрел дар бораи вазъияти иқтисодии Маҷористон дурӯғ гуфтаанд.


Ферентс Ҷйурчанӣ рӯзи якшанбе (17 сентябр) дар Будопест ба хабарнигорон гуфт:


"Ин як воқеъият аст, ки тайи ҳашт соли ахир нухбагон (элита)-и сиёсии кишвар дурӯғ гуфтаанд. Ин чизест, ки мо акнун дар борааш суҳбат мекунем. Мо мехоҳем бидонем, ки акнун чи гуна метавон алайҳи дурӯғҳои сиёсии бузурге, ки соли 1992 оғоз гирифт, иқдом кунем, чи гуна онҳоро бишканем."


Рӯзи сешанбе (19 сентябр) хиёбонҳои Будопест ором буд. Дар баробари сохтмони порлумон ҳудуди 60 муътариз боқӣ монда буданд ва ҳузури нирӯи пулис низ бисёр чашмгир набуд.


Тазоҳуроти ҳудуди 10 000 нафар, ки оғозе сулҳомез дошт, дар паи сангандозии шуморе аз онҳо ва ба оташ кашидани сохтмони телевизюни давлатӣ ба хушунат гароид. Бархе аз тазоҳуротгарон бахше аз сохтмонро ишғол ва ғорат карданд. Ҳудуди 150 муътариз ва маъмури пулис захмӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG