Пайвандҳои дастрасӣ

Консерти Мадонна дар Маскав


Барои авалин бор буд, ки Мадонна - овозхони маъруфи мусиқии попи Омрико барномаи пуршукӯҳи ҳунарии худро дар Маскав баргузор кард. Луиза Вероника Чиконе ё Мадонна 12 сентябри соли 2006 милоди сафари ҳунарии занҷираии урупоии худро дар варзишгоҳи Лужникии шаҳри Маскав анҷом дод.

Дар нахустин консерти худ Мадонна 18 таронаи куҳна ва ҷадиди худро иҷро кард. Варзишоҳи Лужники 70 ҳазор ҷои нишаст дорад ва дар консерт ҳудудан 50 ҳазор тамошобин аз Москов ва дигар шаҳрҳои Русия ҳузур доштанд.

Бо вуҷуди зиёд будани мухлисони овозхон дар ин варзишгоҳ боз ҳам ҷои нишаст зиёд буд. Тамошобинон баъд аз консерт гуфтанд ки, имрӯз Маскав дар имтиҳони фарҳангии худ комёб шуд.

Сергей Жуков - овозхони гурӯҳи ҳунарии "Руки Вверх" баъд аз консерт гуфт, ки Мадонна ин ҳақиқатан мутахасиси мусиқии поп дар дунёст. Вай гуфт:

"Пеш аз ҳама ин барномаи пуршукӯҳи ҳунарист. Бахше аз мардуми мо забони Мадоннаро намефаҳмад, қисми дигар мефаҳманд, аммо ҳама аз ин барномаи ҳунарии ӯ истиқбол мекунанд."

Бо вуҷуди он ки калисои ортодокси Русия аз омадани Мадонна ва консерти ӯ эътироз карда буд, Мадонна консерти худро дар варзишгоҳи Лужники баъд аз баҳсҳои зиёд барпо кард. Калисои ортодокси Русия эълон кард, ки Мадонна бояд саҳнаи ба салиб кашидани худро ҳангоми иҷрои таронаи Live To Tell канор бигзорад, аммо ин саҳна иҷро шуд.

Худи Мадонна дар вақти консерташ дар Маскав ба тамошобинон гуфт, ки сафар ба Русия ҳамеша орзуи ӯ будааст. Вай ба созмондиҳандагони консерт, ба вижа Юрий Лужков, шаҳрдори Маскав ташаккур гуфт. Ҳамчунон Мадонна изҳори хушҳолӣ кард, ки дар Русия аз 15 сол пеш то кунун демукросиро ихтиёр кардаанд ва ҷавонони ин кишвар метавонанд назари худро озодона баён кунанд.

Консерти Мадонна бо номи албуми ахираш "Эътирофот" мавсум буд ва барои ду соъат тӯл кашид. Амнияти ин намоиши ҳунариро беш аз ҳафт ҳазор маъмури пулис таъмин карданд.
XS
SM
MD
LG